Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Чӣ хел нақша?
Шояд, аз рӯи меҳру шафқат ба ҷустуҷӯи ҷасади бачаи тағояш мерафт? Ё танҳо ба ҷустуҷӯ баромада, мехост ҷидду ҷаҳди махсус нишон диҳад?
Қиёс аз суханоне, ки гуфт, фикр кардан мумкин буд, ки дар ҳақиқат ба ӯ чунин қасду ният ҳидоят кардааст.
— Шукри худо, ки моҳ рӯшноӣ мекунад ва дар ихтиёри ман шаш соати расо ҳаст. То ин ҷавонони ҷоҳил аз хоб мехезанд, ки тамоми кунҷу канори паттазоронро дар масоҳати ду мил кофта мебароям; ва, агар ҷасад дар ҳамон ҷо бошад, ҳатман онро меёбам. Вале ин чӣ маънӣ дошта бошад?! Агар инро танҳо ман медидам, онгоҳ фикр мекардам, ки девона шудаам. Вале охир як кас намонда ҳама диданд! Ё қудрати парвардигор! Ин чӣ бошад?
Ӯ ба гуфтани ин суханон фурсат наёфта, ногаҳон аз тааҷҷуб ва даҳшат фарёд зад. Гӯё хатари муҳлик ӯро таҳдид мекарда бошад, якбора лаҷоми аспро кашид.
Колҳаун аз пайраҳаи шафат ба сӯи борикраҳаи ҷангалӣ аллакай ба мо шинос асп меронд. Ӯ акнун сари аспро ба борикраҳа гардониданӣ буд, ки нохост дар беша омадани боз кадом як савораро дид.
Он савор, ки зоҳиран, аспаш аз аспи ӯ мондани надошт, ӯ барин оҳиста-оҳиста не, балки резачорпо меронд.
Савораи ношӯнос ҳанӯз наздик нашуда Колҳаун дид, ки ӯ сар надорад.
Саҳв шуданаш мумкин набуд: шуоъҳои кампури моҳ фақат китфони савораро равшан мекарданд — ӯ сар надошт. Ин хаёли ботиле набуд, ки аз равшании моҳ ҳосил шавад. Колҳаун аллакай ин қиёфаро дар равшании фурӯзони офтоб дида буд.
Лекин акнун Колҳаун баръалотар — сари савораро дид, ки дар рӯи ронаш овезон буда, нисфашро ғилофи таппонча папҳах мекард, хунолуд, ваҳшатангез буд... Ӯ аспро шитофт, ба китфи савора серпаеи раҳ-раҳ партофта шуда, аз пӯсти паланг сокпӯш дошт — тамоми сару либосаш ба сару либоси Морис-мустангер монанд буд.
Колҳаун ба қадри кофӣ вақте дошт, ки батафсил ҳамаашро аз назар гузаронад. Ӯ аз даҳшат караҳт гардида, дар пайраҳаи шафат меистод ва мадори ҷунбидан надошт. Асп, гӯё шарики тарсу ҳароси соҳибаш гардид. Ӯ, ки дарак-дарак меларзид, низ ягон қадар кӯшиши гурехтан накард, ҳатто вақте ки савораи бесар якбора дар назди онҳо истод ва аспи туруки ӯ фирик-фириккунон чароғпоя шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор