Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Каш Колхаун, гӯш кунед! — яке аз ҷавонмардон, ки акнун сахт маст шуда буд, ба тарафи ӯ фарёд зад. — Ҷӯраҷон, биёед ҳамроҳи мо нӯшед. Мо ҳамзамон ба шумо ҳамдардӣ менамоем ва ба хонаводаи шумо ёрдам карда аз қотил қасос мегирем. Ин қадар ғам хӯрдан лозим нест! Ин ҷо биёед ва камтар аз вискӣ нӯши ҷон кунед. Ин ғаматонро хеле сабук мекунад, ба гапам бовар кунед!
Ё ба Колхаун ҳамин маъқул шуд, ки сабаби танҳоишро ба ӯ фаҳмониданд, ё дар ҳақиқат ногаҳон хост дар миёни ҷамъият бошад, ки таклифро қабул кард ва ба назди гулхан омада, дар қатори дигарон нишаст. Аммо, пеш аз нишастан, аз обдоне, ки ба вай дароз карда буданд, як култ нӯшид.
Мисли ин ки бар вай сеҳр дарамида бошанд, ҳамон лаҳза тағйир ёфт. Парешонии хотираш барҳам хӯрд, ӯ чунон хурсанд гардид, ки ҳатто атрофиёнашро дар таҷҷуб момонд. Ин гуна рафтор барои касе, ки аз рӯи гумонашон пагоҳӣ тагобачаашро кушта буданд, беҷо менамуд.
Ӯ, ки чун меҳмон омада буд, ба зудӣ ҳамчун мизбон рафтор мекардагӣ шуд. Пас аз он ки ҳамаи обдонҳо холӣ карда шуданд, капитан аз обдонҳои худ май кашидан гирифт, ки ба назар заҳиран онҳо тамомшавӣ надошт. Аз чашмхон калони хурчини вай обдон паси обдон баромадан гирифт, ки онҳоро дӯстони бешумораш монда ҳамроҳи майор рафта буданд.
Ҷавонони айёши Техас дар гирди гулхан ҷамъ омада, аз кору кирдори саркардан худ ба шавк омада, аз мурооти вай рӯй намегардонданд; онҳо пургӯй мекарданд, суруд мехонданд, мераксиданд ва баланд-баланд механдиданд. Пас мондагӣ кори худро кард: онҳо ба рӯи алаф дароз кашида ба хоб рафтанд; шояд, баъзеи онҳо бори аввал дар ҳаёти худ аз хобҳои даҳшатноки мастопа азоб мекашиданд.
Колхаун аз ҳама ақиб хобид.
Аз ҳама ақиб хобид, вале аввалин шуда аз хоб хест. Ҳамин ки айшу нӯш ба охир расид, ҳамин ки садои хураккашии ҳамкадахонаш баланд гардид, аз хобидани онҳо гувоҳӣ дод, ӯ аз ҷой хест ва нӯг-пӯти по аз байни онҳо гузашт.
Ҳамин тавр эҳтиёткорона қадам гузошта ба канори урдугоҳ — ба ҳамон ҷое, ки аспаш ба дарахт баста шуда буд, рафт.
Ӯ пухтан-аспро кушод ва онро ба гардани асп партофта, чахида ба зин пираст ва хомӯшона ба роҳ даромад.
Аз рӯи кору рафтор маст буданаш маълум набуд. Баръакс, ӯ комилан ҳушёр менамуд ва, зоҳиран, аз рӯи нақшаи пешакӣ кашида шуда амал мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор