Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ин бевақтӣ барои чӣ онҳо ба ин ҷо меомаданд? Хусусан сардор мехоҳад бо ӯ вохӯрад.
Ин чор ҳинду аз Морис-мустангер чӣ мехоҳанд?
Инро аз гуфтугӯи онҳо фаҳмидан мумкин — онҳо гапи аз ҳамдигар рӯст мекардагӣ надоранд.
Онҳо ӯро куштанҷанд.
Ин ба сардор лозим; дигаронашон — фақат шарик ва ёрдамчӣ мебошанд.
Масъала басе ҷиддӣ мебошад, ҳоло вақти шӯхӣ не. Ӯ ба ивази ин ҳазор доллар мегирад ва ғайр аз ин дили ба қасос ташнааш таскин меёбад. Се шарики ӯ сад долларӣ мегиранд.
Ба хонанда, эҳтимол, аллакай маълум бошад ки дар зери ниқоби ҳиндуҳо кӣ рӯст шудааст. Ин команчиҳо — мексикоиҳо ва сардорашон Мигуэль Диас, мустангер мебошад.
— Камин гирифтан лозим, — мегӯяд Эль-Койот. — Акнун, ӯ, шояд, ба зудӣ баргардад. Шумо, Бараҳо, ба лаби ҷарӣ бароед ва поида истед, ки кай ӯ дар дашт намоён мешавад. Дигарон майлаш ҳамроҳи ман истанд. Вай аз тарафи Леона меояд. Ӯро дар зери нишебӣ дар назди сарви калон вохӯрданамон мумкин.
Ин ҷо ҷои аз ҳама мувофиқ.
— Инро кушем чӣ? — ба Фелим, ки хушбахтона, дар гирду атроф чӣ воқеа шуда истоданашро намефаҳмад, нишон дода таклиф мекунад Бараҳои ба хун ташна.
— Мурда сирро ошкор намекунад! — ба гап ҳамроҳ мешавад сӯиқасдчини дигар.
— Баръакс, мурда сирро ошкор мекунад, — эътироз намуд Диас. — Куштан чӣ лозим! Бадмасти худозада, бо ҳамин холаш ҳам аз мурда монданӣ надорад. Мон зиндагӣ кардан гирад. Ман пудрат карда гирифтаам, ки фақат хоҷаашро мекушам. Равед, Бараҳо. Зудтар, зудтар! Ба ҷарӣ равед. Дон Морисио ҳоло ё замони дигар омада монданаш мумкин. Бехато амал намудан лозим. Шояд, дигар ҳеҷ гоҳ чунин имконият пайдо нашавад. Ба лаби ҷар бароед. Дар чунин равшанӣ шумо ӯро аз дур мебинед.
Дидан замон, тохта ба назди мо биёед. Таъхир накунед, то ки мо ба вақташ дар назди сарви камин гирем.
Бараҳо ошкоро дили нохоҳам итоат мекунад. Шаби гузашта кораш омад накарда буд — ӯ дар монтебозӣ ба Эль-Койот пули бисёр бохт ва мехоҳад, ки бозӣ карда пули бохтаашро гашта барад. Ӯ нағз медонад, ки рафиқонаш бо кадом кор машғул хоҳанд шуд.
— Зудтар бошед, сеньор Висенте! — дудилагии ӯро дида фармон медиҳад Диас.— Агар корамон омад накунад, аз бурди

Ҷони Фелим ба болои қил меистод.

пешина
аз 509
навбатӣ