Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кимори монте дида, зиёдтар бой медиҳед. Равед охир! — бо оҳанги шердилкунанда ба гап давом мекунад Эл-Койот. — Агар дар муддати як соат наояд, ягон кас шуморо иваз мекунад. Равед!

Барахо итоат мекунад; ӯ аз кулба баромада, ба ҷои дидбонии худ — лаби ҷарӣ равон мешавад.

Дигарон дар кулба ҷо гирифта, шамъ мегиронанд.

Дар рӯи миз дар назди онҳо хӯроки шом не, балки як даста картаи испаний — ҳамроҳи доимии ҳар як сакалтуи мексикой пайдо мешавад.

Модка ва саллот ба рӯи миз партофта мешаванд ва монте-бозӣ шурӯъ мегардад. Саргарми бозӣ шуда, гузаштани вақтро намефаҳманд. Як соат мегузарад...

Банк дар дасти Эл-Койот мебошад.

Садои фарёдҳои: «Мотка пӯшида шуд!», «Саллот бурд!» — андаруни кулба, ки ба рӯи деворҳояш пӯсти асп кашида шудааст, дам ба дам баланд мегардад.

Долларҳои нуқра дар рӯи миз чингиррос мезананд. Картаҳо паст-паст ҳишир-ҳишир мекунанд.

Вале нохост садои оҳу афғон бозиро қатъ мегардонад.

Ин доду фарёди марди майзада буд, ки бедор шуда ҷамоаи аҷиби дар ҳакале ҷамъ омадаеро дид.

Бозингарон часта аз паси миз мехезанд ва ҳарсеяшон мачетеҳои худро аз ниём мебароранд. Ҷони Фелим ба болои қил меистод.

Фақат тасодуф ҷони марди ирландиро мераҳонад.

Дар таги дар харсосзанон Барахо пайдо мешавад.

Рости гап, ба шарҳу баён ҳеҷ гуна эҳтиёҷ нест, вале ӯ базӯр-базӯр пичиррос зада мегӯяд:

— Меояд! Ба ҷарӣ наздик шуда истодааст... Зуд бошед, дӯстон, зуд бошед!

Марди ирландӣ амон меёбад. Ҳатто агар ин нафъ медошт ҳам, барои куштани ӯ вақт нест. Қатли басе нафъоваре онҳоро дар пеш аст.

Пас аз якчанд сония ниқобпӯшон ба доманаи нишебие, ки мебоист савора аз он мефуромад, мерасанд.

Онҳо дар зери сарви калон камин мегиранд ва наздикшавии қурбониашонро мунтазир мешаванд.

Ба зудӣ садои суми асп баланд мегардад. Садои тук-туки наъл шунида мешавад, вале садоҳо нобаробар нестанд, мисли ин ки асп аз сатҳи ноҳамвор тозон меояд. Эҳтимол савора аз нишебӣ мефарояд.

пешина
аз 509
навбатӣ