Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сардор намонд, ки ӯ суханашро ба охир расонад. Номи таҳхона ба вай таъсири эҷодкорона бахшид ва дарҳол ба кор сар кард.

Ӯ бо пой дарро тела дод.

Вале он кушода нашуд.

— Карамба! Аз дарун маҳкам. То ки дар ғоиби ӯ ҳеҷ кас даромада натавонад — на шеру на паланг, на хирсу на говмеш на — ҳа-ҳа-ҳа! — ҳиндуҳо!

Боз дарро, сахт бо лагад зад. Аммо он кушода нашуд.

— Ба пасаш ким-чӣ чизи хеле вазнини гузошта шудааст — тела додан қати кушода намешавад. Майлаш, ҳозир чӣ буданашро мефаҳмем.

Ӯ мачетеро аз гилоф мебарорад. Дар рӯи пӯсти мустанг, ки ба чорчӯбаи сабук кашида шудааст, сӯрохи калон ҳосил мегардад.

Ҳинду дасташро ба он дароварда чӣ будани монеаро ламскунон фаҳмиданӣ мешавад.

Халта ва бухчаҳо зуд гечонда шуда, дар калон кушода мешавад.

Ваҳшиҳо вориди кулба мегарданд. Равшании моҳ аз дари кушода ба ҳакале медарояд.

Дар он ҷо, ба рӯи хопа шахсе дароз кашида хобидааст.

— Арвоҳ занад!

— Ӯ хобидааст?

— Эҳтимол, мурда бошад, мурдагӣ намешуд тарақо-туруқи моро мешунид.

— Не,— ба болои шахси хобида ҳам шуда гуфт Сардор,— фақат мурданивор маст. Ин хизматгори мустангер. Ман ӯро мешиносам. Аз маст буданаш маълум, ки хоҷааш дар хона нест ва кайҳо боз наомадааст. Боварӣ дорам, ки ин ҳайвон барои худро то ин ҳолати осуда расонидан таҳхонаро холӣ накардааст... Ана, сӯрохӣ! Гули садбарг барин анбарафшонӣ мекунад. Ба модархудои Гваделупа шукр, насибаи мо ҳам мондааст.

Дар зарфи якчанд сония боқимондаи виски нӯшида шуд. Ҳар кадомашон фақат як маротибагӣ лаб ба лаби сӯрохӣ гузоштанд, ба сардор зиёдтар насиб шуд — сарфи назар аз мақоми баландаш ӯ аз рӯи одоб надонист, ки ба тақсимоти нобаробар эътироз намояд.

Баъд чӣ?

Дер ё зуд соҳибхона бояд баргардад.

Меҳмонон, бешубҳа, мехоҳанд бо ӯ мулоқот кунанд,— набошад

пешина
аз 509
навбатӣ