Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хизматгор боз ба гап сар кард, вале оҳанги гапзаниаш тамоман дигар хел буд. Агарчи дар овозаш ҳанӯз он тааҷҷубу базлагӯии пештара шунида шавад ҳам, вале он ширинкории сохта буд.

— Худоё тавба! — хитоб намуд вай.— Ин чӣ кораш! Сераперо ба сар кашидааст... Не, Тара, ӯ зоҳиран, шӯхӣ мекунад. Ӯ мехоҳад ки ману ту ҳайрон бимонем. Моро масхара кардан мехоҳад... Худоё, ин чист? Мисли ин ки сар надорад. Ростӣ, сар надорад! Ин чӣ номаъкулӣ? Модархудои куддуса! Охир, агар хоҷа будани ӯро надонӣ, аз тарс заҳракаф шудан мумкин! Хоҷа бошад ё каси дигар! Қади хоҷаи мо гӯё саҳл баландтар аст. Сараш кани? Патрики валӣ, моро дар паноҳат нигоҳ дор, сараш куҷост? Гумон аст, ки дар зерч серапе бошад. Гӯё монанд нест... Ин ҳама чӣ маъно дошта бошад, Тара?

Оҳанги гапзании Фелим аз нав тағйир ёфт — дар он ваҳшат-ро ҳис кардан мумкин буд; мувофиқи он ифодаи чеҳрааш нав тағйир ёфт. Саг, ки аз Фелим каме пештар меистод, низ ба изтироб афтид. Ӯ ба ду по ақиб нишаст ва ба назар чунин менамуд, ки ҳамин замон ба пеш меҷаҳад. Ӯ ба савора, ки тахмин дар масофаи яксаду панҷоҳ қадам буд, бо чашмони ҳаросон бодиққат менигарист.

Вақте, ки Фелим охирин саволи нутқи пуртумтарақи худро дод, Тара гӯё ба ӯ ҷавоб додани шуда, шикоятомез уллос кашид.

Пас аз ин саг, гӯё фалокатеро ҳис карда бошад, аз ҷо часта хест ва ба пешвози қиёфаи аҷибу ғариб, ки ҳам Фелим ва ҳам ӯро ин сон дар ҳайрат монда буд, тохт.

Ҳангоми тохтан ӯ канда-канда уллос мекашид; ин уллос ба он аккосзании латифи навозишкорона, ки одатан мустангерро вақти ба хона баргаштан пешвоз мегирифт, ҳаргиз монанд набуд.

Вақте, ки ӯ беист уллоскашон ба савора наздик рафт, турук, ки Фелим кайҳо аспи хоҷаашро шинохта буд, якбора баргашт ва чорнаъл ба ақиб тохт.

Ҳангоми асп баргаштан Фелим дид — ё худ ба назараш на-муд ки дид,— аз ҳайрат шах шуда монд ва баданаш ваҷаррос зад.

Ин сар буд — сари савора буд, вале он дар ҷои ҳақиқиаш дар рӯи китф не, дар дасти вай, дар рӯчқоши зин буд.

Вақти ба тарафи ӯ якпаҳлу гаштани асп, Фелим дид — ё ба назараш намуд, ки чеҳраи бадвохимаи хунолудеро мебинад, ки нисфи онро ғилофи таппонча паноҳ кардааст.

пешина
аз 509
навбатӣ