Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дигар ӯ чизе надод. Пас аз як сония Фелим пушт ба дашт гардонд ва ба андозае, ки пойҳои аз тарс бемадоргаштаи вай қувват доштанд, бо тамоми суръат рӯ ба нишебӣ тохт.

Боби XLIV

ЧОР ҚОМАНЧИ

Фелим аз роҳ наистода ва ба қафо нанигариста метохт; мӯйи сурхи вай рост хеста, қариб кулоҳро аз сараш партофта буд. Чун худро дар кулба дид, дарро пӯшид ва бо линга ва буғҷаҳое, ки дар рӯйи хона мехобиданд, сангар сохта онро банд кард.

Вале пас аз ин ҳам худро бехатар ҳис накард. Даре, ки ҳатто галақааш гузаронида шудааст, магар аз шабах дифоъ карда метавонад?

Он чӣ ки ӯ дид, албатта шабах буд. Магар ягон кас ягон вақт ин гуна аҷонботро дида буд? Одам савору асп бошаду сарашро дар даст нигоҳ дорад! Магар ягон кас ягон вақт чунин ҳодисаро шунидааст? Албатта, не — хусусан ин ки Фелим О'Нил.

Ӯ аз тарс даступо хӯрда, рӯ-рӯи кулба мегашт: гоҳ ба чорпоя менишаст, гоҳ аз сари нав ҷаста мехест ва поида-поида ба дар наздик мерафт, вале на ба кушодани он ҷуръат мекард, на ҳатто аз тарқиши он нигаристан.

Гоҳҳо мӯйи сарашро мекашид, беихтиёрона бо даст чаккаҳояшро мефишурд ва чашмонашро пок карда, гӯё кӯшиш менамуд боварӣ ҳосил намояд, ки вай нахобидааст ва ин андоми ваҳшатнокро дар ҳақиқат дидааст.

Танҳо як ҳолат каме ба Фелим таскин мебахшид: ҳоло ки сараш аз канори ҷарӣ боло буду аз нишебӣ мефуромад, гашта дид, ки савораи бесар аллакай аз Аламо хеле дур рафтааст ва чорнаъл ба сӯйи беша метозад.

Агар ҳамин ёддошт намебуд, марди ирландӣ, ки мисли мурғи посӯхта рӯ-рӯи хона мегашт, боз бештар ба даҳшат меафтид.

Ӯ то хеле вақт ба гап задан мадор накард ва фақат гоҳ-гоҳ ким-чӣ гуна овозҳои берабт инҷо мебаровард.

Пас аз чанд вақт агарчи хотири Фелим осуда нашуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол, қобилияти муҳокимаронӣ пайдо кард ва аз нав забонаш кушода шуд. Савол ва нидоҳо пайи ҳам қатор шуданд. Ин дафъа ӯ фақат ба худаш муроҷиат менамуд. Тара дар наздиаш набуд ва дар сӯҳбат иштирок карда наметавонист.

пешина
аз 509
навбатӣ