Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Оқибат ӯ ба фоидаи соғар ҳукм баровард ё тарафи суроҳиро гирифт ҳамин тавр номаълум монд. Марди ирландӣ вискиро маротибаи чорум чашида, гӯё зуд ақл давонд, ки ҳоло кифоя аст ва ҳар ду зарфро ба ҷояшон гузошт.

Дар ҳамчунин вақт фикре ба хотираш омад ва ба ҷои он, ки ба назди чорпоя баргардад, қарор дод, ки аз кулба барояд ва бинад, ки хоҷааш меояд ё не.

— Биё рафтем, Тара! — ба сӯи дар равон шуда фарёд зад ӯ. — Биё, сағи пир, ба баландӣ баромада бинем канӣ хоҷа менамояд ё не? Агар мистер Морис бинад, ки ману ту аз ваҷҳи ӯ хавотирем, димогаш чоқ мешавад.

Фелим ҳамроҳи саг аз дарахтзори водии дарёча гузашт ва ба кӯтал баромада, ба ҳудуди дашт расид.

Дар пеши назараш ҳамвории басе бедолу дарахте паҳн гардида буд. Он ба тарафи шарқ дар масофаи тахмин як мил доман паҳн карда буд.

Офтоби ғуруб кардаистода ба тахтапушташ нур меафшонд; осмон софу беғубор буд. Дар ҳамвории тахт гоҳ ҷо-гоҳ ҷо кактус ё танҳо юккае намудор буд. Дар ҳеҷ чиз пеши ҳамвориро паноҳ намекард. Ҳатто койот тохта мегузашт ҳам, ба чашм менамуд.

Дар уфуқ хати тирае намудор буд — он ё беша буд, ё буттазор дар ҳар ду соҳили ягон дарёча.

Фелим ба ҳамон тарафе, ки мебоист хоҷааш меомад, хомӯшона менигарист.

Бисёр маътал нашуд. Дар уфуқ аз паси дарахтон саворае намоён гардид, ки ба сӯи Аламо меомад. Дар байни онҳо расо як мил роҳ бошад ҳам, хизматгори содиқ дарҳол хоҷаашро шинохт. Серапеи раҳ-раҳеро, ки ҳиндуҳои қабилаи наваҳо бофта буданд ва ҳамеша Морис дар сафар онро бо худ мегирифт, нашинохтан мумкин набуд. Раҳҳои пурнураш сурх, сафед, кабӯд — дар фони тираи дашт барҷало намудор буданд.

Рости гап, Фелим ҳайрон буд, ки чаро хоҷааш дар ин бегоҳии дим ба ҷои он, ки сераперо печонида ба қоши зин бандад, ба китф партофтааст.

— Тара, сагҷаи ман! Аҷиб ку! Ҳозир чунон гарм, ки гӯштро ба рӯи санг монӣ мепазад, ӯ бошад гӯё парвои гармӣ надорад. Дар он даҳман Оберидофер зуком нашуда бошад? Кулбаи мо назар ба он қасри ҳақиқӣ. Хук ҳам дар он ҷо зиндагӣ кардан намехоҳад.

Фелим чанд гоҳ ба савора хомӯшона нигоҳ карда истод. Савора наздик мешуд...

пешина
аз 509
навбатӣ