Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Басе дурудароз хомӯш нишаст; баъд аз нав худ ба худ ба гап сар кард ва дам ба дам ба Тара ва суроҳӣ муроҷиат мекард.

— Аклам намегирад, ки чаро валинеъматам ин қадар дер кард! Гуфта буд, ки соати ҳашти пагоҳӣ бармегардад, ҳоло соат шаши бегоҳ мебошад, ба шарте офтоби Техас дурӯғ нагӯяд.
Шояд ягон воқеа рӯй дода бошад... Фикри ту чӣ хел Тара?

Ин дафъа Тара тасдиқкунон фириққос зад — ба бинии ӯ хокистар даромада буд.

— Патрики валӣ! Ягон фалокат рӯй надода бошад? Аҳволи мо чӣ мешавад, Тара? Оҳ, саги пири ман! Дар он сурат ману ту то хеле вақт Баллибалохро нахоҳем дид. Магар фақат асбобу анҷоми валинеъматамонро фурӯхтан? Соғар аз нуқраи холис мебошад — фақат як худи он харҷи роҳамон мешавад. Арвоҳ занад, ана чӣ ба ёдам омад: охир ман то ҳол ҳеҷ гоҳ аз ин зарфи зебо нанӯшидаам! Яқин нӯшокӣ ширинтар менамояд. Санҷида дидан лозим — ҳозир айни вақташ.

Ин суханонро гуфта, соғарро аз ҷомадон баровард ва боз як бори дигар даҳани шишаро кушода, ним стакан вискӣ рехт.

Фелим ба як бардошт ҳамаашро нӯшид ва гӯё сифати нӯшокиро муайян кардани шуда, лабонашро чалп-чалп кард.

— Худо медонад ки аз кадомаш болаззаттар, — гуфт вай, ки ҳанӯз дар як даст соғарро нигоҳ медошт, ва дар дасти дигар суроҳиро! — Агар хотирам ғалат накунад, зоҳиран аз лаби суроҳӣ нӯшидан ширинтар аст. Аз ҳар ду зарф якбора нӯшида дидан лозим, фақат ҳамон вақт гуфтан мумкин аст, ки аз кадомаш лазизтар аст.

Фелим суроҳиро ба лаб наздик бурд ва пас аз якчанд култ нӯшидан онро ба ҷояш гузошт.

Баъд ҳамчун мутахассиси ҳақиқӣ аз нав андешамандона лабонашро чалп-чалп кард.

— Охир ман боз саҳв кардам, — сар ҷунбонида гуфт ӯ.— Тамоман нодуруст. Ба ҳар ҳол аз зарфи нуқра нӯшидан лазизтар мебошад. Ё ин ба назарам намуд? Санҷидан лозим: боз як бори дигар аз соғар чашидан лозим меояд, — охир ман аз суроҳӣ ду маротиба ва фақат як маротиба аз зарфи нуқра нӯшидам. Адлу адолат аз ҳама азизтар аст — расми ин дунёи фонӣ ҳамин.
Ва чаро ман, назар ба суроҳии калон бо ин дӯлчаяи зебо бадтар муомила кунам? Арвоҳ занад, ин кори намешудаги!

Ӯ соғари нуқрагиро аз нав ба даст гирифт ва аз нав қисми моеъ даруни суроҳӣ ба он рехта шуд, то ки бетаъхир ба гулӯи мутахассиси носерами шубҳакор чаппа карда шавад.

пешина
аз 509
навбатӣ