Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дареғ, ки мистер Моррис ба сӯроҳӣ даст нарасон гуфта аз ман қавл гирифт! Ва акнун сӯроҳӣ ба кӣ лозим? Охир ӯ худаш гуфт, ки аз посёлка гашта омада, фақат як шаб дар ин ҷо меистад. Якин дар як шаб ӯ ду кварт нӯшида наметавонад! Магар ин ки фасодкори пир Стумп ҳамроҳаш омада монад... Чин занад ин майзадаро! Ӯ аз ин зиёдашро ҳам менӯшад! Як тасаллӣ ҳаст: шукри худо, ниҳоят мо ба Баллибалоҳи қадимаамон бармегардем. Ана ҳамон вақт ман ин нӯшокии худозадагии америкоиро не, балки вискии ҳақиқии ирландиро хоҳам нӯшид. Ура-ура! Ба хотир ки овардӣ, дили кас шод мешавад! Ура!

Фелим шод аз ин фикру хаёлҳо кулоҳи ҳасинашро ба зери шифт партофта, боз якчанд маротиба «ура» гӯён фарёд зад. Баъд каме ором гардид ва гӯӣ он ҳузуру ҳаловатҳоеро, ки дар Баллибалоҳ ӯро нигарон буданд, як-як аз фикр гузаронида чанд гоҳе хомӯш истод.

Вале ба зудӣ фикру хаёлаш ба кулба баргашт ва боз ба сӯроҳӣ нигаронида шуданд. Ин дафъа ӯ дучанд харисонатар ба он менӯгарист.

— Ганҷи бебаҳои ман! — ба сӯроҳӣ муроҷиат карда гуфт Фелим.— Ту аз ҳад зебоӣ! Агар ман туро якборакак бӯсида монанд, сиррамро ошкор намекунӣ? Фақат як бӯса! Ин чӣ ҷои бадӣ дорад? Ҳатто агар соҳибмарҳаматам азоби ман кашидагиро ба хотир биёрад, ҳеҷ чиз намегӯяд. Чӣ қадар гарду чанг хӯрдам! Баъд вай, албатта, фикр намекунад, ки ман ин дафъа ба ваъдаамам вафо мекунам,— охир мо кӯчида меравем. Чӣ тавр мешудааст, ки дар роҳ гулӯямро тар накунам? Бе ин намешавад — сафар бехатар намегардад. Боз валинеъматам ҳамин тавр мегӯям — шояд, хафа нашавад. Боз як гапи дигар: охир ӯ расо даҳ соат дер кард. Мегӯям, ки фақат як чакра нӯшидам, чунки аз дер карданаш хеле хавотир будам. Якин ӯ ҳеҷ чиз намегӯяд. Камтаракак бӯй мекашам, баъд он тарафашро қисмат медавонад... Тара, хоб кун, ман ҳеҷ куҷо намеравам.

Чун саг дид, ки Фелим ба сӯи дар равон шуд, аз ҷой хест.

Вале Тара мақсади Фелимро нафаҳмид. Ӯ фақат барои ҳамин баромада буд, ки ба пайраҳа нигарад, бинад ки хоҷааш омада истодааст ё не ва барои амалӣ гардонидани мақсади вай халал намерасонад.

Вақте Фелим боварӣ ҳосил намуд, ки ҳеҷ кас наменамояд, ғиррӣ карда аз дар даромад ва худро ба кунҷак расонида даҳани сӯрохиро кушод ва онро ба лаб наздик бурда «чакра»-ҳои виёде нӯшид.

Фелим сӯрохиро ба ҷояш гузошта, аз нав ба чорпоя нишаст.

пешина
аз 509
навбатӣ