Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мебошад. Ва ба ҳар ҳол дар кулба тағйиротҳои калон дида мешаванд.
Дари ба рӯяш пӯсти асп кашидашуда пештара барин ба ҳалқаҳо овезон мебошад. Пӯсти мустангҳо мисли пештара ба ҷои гилем дар деворҳо ялаққос мезананд. Ҳамон миз, ҳамон бистар, ҳамон ду чорпоя, ҳамон пӯст, ки одатан дар рӯи он Фелим мехобад.
Вале «амволи» дигар, ки пештар барои намоиш гузошта шуда буданд, акнун ғоиб гардида буданд: дар девор на милтиқ дида мешуд, на соғари нуқра, на шохи шикорӣ. На зин менамуд, на лаҷом, на аргамчину серапе. Китобу рангдон, пару коғазҳо низ ғоиб гардида буданд.
Гумон кардан мумкин буд, ки ҳиндуҳо ҳакалеро ғорат кардаанд.
Воқеан, не, — вагарна Фелим дар рӯи чорпояи худ ин тавр ором наменишаст ва мӯи сурхи анбӯҳаш маҳфуз намемонд.
Ҳама чиз аз деворҳо гирифта шуда бошанд ҳам, вале дар ҷои дигар буданд. Якчанд буғҷаву бастаи ресмонпеч бетартиб дар рӯи замин хобидаанд ва дар байни онҳо сандӯқчаи чармӣ истодааст. Зоҳиран, ашъёҳо бо мақсади кӯчидан ғундошта шудаанд.
Сарфи назар аз ивазшавии ҷои ашъёҳо сӯрохии калони пур аз виски пештара барин дар кунҷак дар ҷои муқаррарнаш истодааст. Чашми Фелим назар ба дигар ашъёҳои хона ба он тез-тез меафтад, зеро ба ҳар ҷо ки нанигарад, нигоҳаш ба зарфи васвасаовари даруни сабадча қарор мегирад.
— Оҳ, ганҷи бебаҳои ман, ана ту дар куҷой! — зоҳиран маротибаи бистум ба сӯрохи назар андохта мегӯяд вай. Охир дар ишками зебои ту зиёда аз ду кварт чой гирифтааст ва эҳтимол аз ин ба ту ҳеҷ нафъ набусад. Мана агар алқалан аз даҳ як ҳиссаи он ба меъдаи ман дарояд, ин барои ҳазми хӯрок зиён намекунад! Ҳамин тавр не, Тара? Фикри ту чӣ хел, саги пири ман?
Саг номашро шунида, сар бардошта саволомез ба атроф назар андохта ва гӯё пурсидани буд, ки аз ӯ чӣ мехоҳанд.
Баъд фаҳмид, ки хизматгор худ ба худ гап мезанад, аз нав сарашро ба рӯи замин гузошт.
— Ҷавоб ҳам надиҳӣ мешавад, пиракӣ! Ман худам ҳам инро медонам. Ҳай-хай як стаконча ба ҳалқам резам, бад намешавад! Пас аз гуфтани хоҷа ҷуръат намекунам, ки як чакра нӯшам. Имрӯз бо ин тайёрӣ ва тадорук ҳай монда шудам, забонам ба қомам часпид, гӯё пластири часпакро фурӯ бурда бошам! Сад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо