Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
парвоз мекунанд ва ҳатто аз гӯшти сайд пешакӣ лаззат бурда, аз чегу фарёди худ осмонро пур намекунанд. Офтоби сӯзон малахҳо, чирчирак ва қурбоққаҳоро ором карда буд; ҳатто калтакалоси зиштбашараи шохдор дар сояи санг ганаб мекард.
Ягона садоҳое, ки хомӯшии бешаи сокитро халалдор мекарданд, хишир-хишири либоси ситамдида буд, ки ба хори растаниҳо дармонад ва садои фарёдаш буд, ки барабас ба ёрӣ чег мезад.
Хорҳои кактус ва агава рӯю даст ва пойҳои ӯро харошида, ҷон сокашро намонда буданд ва хун бо арақ омехта мешуд.
Маҷрӯҳ дил бой медод — дурусттараш ӯ аллакай дил бой дода буд; ӯ дар ҳолате, ки тамоман аз мадор рафта буд, маротибаи охир беҳуда ба ёрӣ чег зад ва рӯйнокӣ ба замин афтида, дигар боварӣ надошт, ки илоҷи халосӣ ҳаст.
Вале комилан эҳтимол бар он мерафт, ки маҳз ҳамин ӯро наҷот дод. Гӯшаш ба замин чафс шуд ва ӯ садои пасти ба зӯр фарқкунандаро шунид.
Ва садо ҳар қадар ки паст набусад, маҷрӯҳ онро шунид, зеро маҳз ҳамин садоро бо тамоми диққат зӯр зада мунтазир буд,— он шилдирроси об буд.
Ӯ ба асобағали худсозаш бо қувваи дучанд такя кард; ба назар чунин менамуд, ки ҳатто пои маҷрӯҳаш беҳтар ба вай итоат мекард: зиндадилӣ ва талоши ҳаёт бо заифӣ ва ваҳшати марг мубориза мебурданд.
Талоши ҳаёт ғолиб баромад.
Маҷрӯҳ пас аз даҳ дақиқа ба лаби дарёчаи шаффоф расида, ба рӯи алаф дароз кашид ва тааҷҷуб менамуд, ки чӣ тавр ташнагии оддӣ боиси чунин азобу машаққатҳои даҳшатнок мегардад.
БОБИ XLIII
СОҒАР ВА СУРОХИ
Ба кулбаи мустангер назар меандозем. Боз хизматгори содиқи ӯ дар миёнҷони кулба ба чорпоя нишастааст. Боз саги вай дар назди оташдон хобида, фукашро ба хокистари гарм тиқондааст.
Одам ва саг дафъаи гузашта барин қариб дар ҳамон як масофа ҷой гирифтаанд: ҳолату вазъияти онҳо қариб ҳамон хел

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо