Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ лангон-лангон ба пайраҳа ақиб гашт ва ҳамон ҷоеро, ки бори аввал ба он қадам ниҳода буд, гузашт. Дар ҳолате, ки ташнагии азиятовар маҷрӯҳро ҳадаҳа мекунонд, ӯ охирин қувваи худро ҷамъ кард, вале дақиқа ба дақиқа он камтар мешуд.

Дарахтоне, ки бо сад азоб аз байни онҳо мегузашт, аксарияташон акоқиё буданд, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо онҳоро кактус ва агава иваз мекарданд. Онҳо аз шуоъҳои офтоби нисфирӯзӣ, ки аз байни баргони тока-тока ба осонӣ гузашта, мисли оташ ӯро месӯзонданд, қариб муҳофиза намекарданд.

Аз сару рӯяш арақ мешорид, ташнагӣ торафт ҷонгудоз ва оқибат тоқатнопазир гардид.

Борҳо ба чашмаш меваҳои сершираи мескито афтид; барои кандани онҳо фақат даст дароз кардан кифоя буд. Вале ҷавон медонист, ки онҳо аз ҳад зиёд ширин мебошанд ва ташнагиро намешикананд, ширинии тунду тези кактус ва агава ҳам нафъ намекунад.

Ба замми ҳамаи ин мусибатҳо бечора ҳис кард, ки пои зардиаш ба ӯ тамоман итоат намекунад. Варами он зиёд шуда буд. Ҳар як қадам боиси дарди ҷонқоҳ мегардид. Агар ҳатто дар роҳи дарёча бошад ҳам, оё қувваташ мерасад, ки то он рафта расад. Агар қувваташ нарасад, ин марги ҳатмӣ мебошад. Як илоҷ мемонд: дар ҳамин ҷо дар байни паттазор хобида, мурда равад.

Аҷал дарҳол домангир намешавад. Агарчи сари зарб хӯрда ва зонуи маҷрӯҳаш тоқатфарсо дард кунанд ҳам, ӯ медонист, ки онҳо маргвар нестанд. Аз ҳама маргҳо марги азиятовар ва даҳшатангез — аз ташнагӣ мурдан буд.

Ин фикрҳо маҷрӯҳро маҷбур карданд, ки охирин қувваташро ҷамъ кунад. Ва агарчи ӯ оҳиста-оҳиста роҳ мепаймуд ва дар баробари ин азоби машаққатнок кашад ҳам, саботкорона пеш мерафту пеш мерафт.

Каргасони сӯҳ якзайл дар болои ӯ парвоз карда, на қафо мемонданд ва на пеш мегузаштанд. Онҳо аллакай зиёда аз як мил парвоз карда бошанд ҳам, вале ягон тои онҳо таъқибро бас намекард. Шумораи онҳо ҳатто зиёд мешуд, сайдро дила ба селаи даррандагони нав ҳамроҳ мешуданд. Ва, агарчи сайд ҳанӯз зинда буд ва пеш ҳаракат мекард, завқи табиӣ ба паррандагон илҳом мекард, ки марги ӯ наздик аст.

Сояҳои сиёҳи онҳо дар болои пайраҳае, ки маҷрӯҳ лангон-лангон мерафт, боз ва боз пайдо мешуданд. Гӯё, ин марг буд, ки парвоз карда мегашт...

Дар гирду атроф хомӯшии том ҳукмфармо буд: каргасон бесадо

пешина
аз 509
навбатӣ