Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ин махсусан азнотовар буд, зеро маҷрӯҳ шубҳа менамуд, ки самти интихобкардааш дуруст аст ё не. Фақат тарси марг ӯро маҷбур месохт, ки роҳро давом диҳад.
Маҷрӯҳ аллакай чоряк милро тай намуда, нохост ба хотираш омад, ки ӯ метавонад усули дигари ҳаракатро имтиҳон карда бинад.
«Ман, агар ба шарте асобагал медоштам, мумкин аст, аз ҷо мехестам... Худоро шукр, ки кордамро гум накардаам!.. Ана ниҳоли мувофиқ — дуби ҷавон».
Ӯ корди шикорчигиро аз зери камарбанд баровард, дарахтчаро бурид ва ба асобагал монанд чизе сохт, ки ба душохаи он такя кардан мумкин буд.
Ҷавон бо ёрии асобагал аз ҷо хест ва лангон-лангон роҳро давом дод.
Ӯ медонист, ки самти равишро тағйир додан аз ҳама хавфнок мебошад ва бинобар ҳамин пештара барин, ба ҷанубу шарқӣ равон шуд.
Ин чандон кори осон набуд. Офтоб — қутбнамои ягонаи вай — ба қуллаи баландҷроҳи худ расида буд, дар арзи Техаси Ҷанубӣ дар ин вақти сол офтоби нисфирӯзӣ қариб дар самтурраъс меистод. Ғайр аз ин, мусофир тез-тез аз роҳи рост мегашт, то гули каспогузари бешаро давр зада гузарад. Рости гап, саҳл ҳамин мавзеъ барои ёфтани роҳ ба ӯ мадад мекард; ӯ медонист, ки бо ҳамон роҳ рафта, ба лаби дарёча мерасад.
Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста пеш рафта, тез-тез меистод то каме дам гирад. Ӯ расо як мил роҳ рафта, аз пеши роҳаш пайраҳаи даррандагарде баромад. Рости гап, ғайрача базӯр маълум буд, вале рост мерафт ва, зоҳиран, ба обхӯра — ба лаби ягон дарёча, ботлоқ ё чашма мебурд.
Ҷавон аз ёфтани ҳар кадоми онҳо шод мебурд. Маҷрӯҳ дигар на ба офтоб, на ба ҳамин аҳамият надода, ба пайраҳа равон шуд.
Сари ҳар чанд вақт ӯ ба усули роҳгардии пештарааш бармегашт — чорпоя гавак мекашид, зеро ба асобагал такя карда роҳ рафтан хеле сермашаққат буд.
Вале дере нагузашта хурсандӣ ба ноумедӣ табдил ёфт; пайраҳа дар ялангие, ки девори ғафси паттазор онро иҳота карда буд, гум шуд.
Вақте ҷавон фаҳмид, ки ба дигар тараф рафтааст, хеле ноумед гардид.
Ҳар қадар ки ин азияттовар бошад ҳам, вале ноилоҷ аз роҳаш баргашт, дигар чора набуд. Дар ялангӣ истодан ба худкушӣ баробар буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо