Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ӯ боз як бори дигар кӯшиши хестан кард, бо як азоб сарсӯ по хест, вале дарҳол ҳис намуд, ки фақат як пояш ба ӯ хизмат карда метавонад, — бо пои дигар қадам монданаш мумкин нест. Ноилоҷ боз хобид.

Ҳамин тавр ӯ боз як-ду соат хобид. Гоҳ-гоҳ ӯ ба ёрӣ чеғ мезад. Оқибат, боварӣ ҳосил кард, ки касе овози ӯро намешунавад, хомӯш гардид.

Фарёд ӯро ташна момонд ё худ, шояд, он ташнагиро тезонид — ҳолате, ки ӯ дошт, он қатъӣ буд.

То рафт зиёдтар ташна мешуд ва оқибат ҳама дигар эҳсосоти ӯ, ҳатто дарди пояшро карахт кунонд.

— Агар дар ҳамин ҷо истом, ҳалок мегардам, — пичиррос мезад маҷрӯҳ. — Илоҷе карда то лаби об рафта расидан лозим. Ба андозае, ки ёд дорам, дар ҳамин наздикӣ дарёчае ҳаст. Ҳеҷ набошад гавакташон — бо зонуву даст ба он ҷо рафта мерасам. Бо зону? Вале охир ман фақат ба як зону такя карда метавонам... Ҳар чӣ набошад имтиҳон карда дидан лозим. Ҳар қадар ки дар ин ҷо бисёр истом, ҳамон қадар аҳволам бадтар мешавад. Офтоб ба тафсонидан сар карда истодааст. Аллакай сарамро месӯзонад. Аз хуш беҳуш шуданам мумкин ва онгоҳ — гургон, каргасон...

Ӯ аз ин фикри ваҳшаттовар як қад парида, хомӯш гардид. Чанде пас маҷрӯҳ аз нав ба гап сар кард:

— Кошки роҳро медонистам! Ман он дарёчаро нағз ёд дорам. Дар ким-куҷои ҷануби шарқии ин ҷо он ба сӯи дашти табошир равон аст... Ба ҳамон тараф гавак кашида рафтан мегирам. Хушбахтона, акнун зӯр рӯи офтоб роҳро ёфта метавонам. Агар то лаби дарёча рафта расам, шояд ҳамааш гузарад. Фақат қувватам расад шудааст!

Ҷавон ин суханонро гуфту аз миёни ҷангал хазида рафтан гирифт; ӯ ҳамчун калтакалоси азиме, ки зада сутуни муҳраашро шикастаанд, пон маибашро кашон-кашон аз рӯи замини санглох гавак мекашид.

Ӯ якзайл пеш меҳазид...

Ин азиятовар буд, вале он даҳшате, ки ӯро мунтазир буд, боз ҳам мудҳиштар буд ва ҷавонро якзайл пеш меронд.

Ӯ нағз медонист, ки агар об наёбад, яқин аз ташнагӣ мемурад. Ин фикр ӯро маҷбур месохт, ки аз нав пеш хазида равад.

Барои он ки қувват гирад, ӯ тез-тез ба дамгирӣ меистод. Чорпоя, хусусан, дар сурате ки як пои одам аз кор мондааст, ҳаракат кардан душвор мебошад.

Ҷавон аз дард азоб кашида, оҳиста-оҳиста ҳаракат мекард.

пешина
аз 509
навбатӣ