Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Каргасон баланд парвоз карданд ва чанд гоҳ паст нафуромаданд.
— Ман мурдаам ё зинда? — пичиррос зад ҷавон.— Хобам ё бедор? Ин чист? Ман дар куҷоям?
Равшании офтоб чашмонашро хира мекард. Ӯ бо даст пеши чашмонашро паноҳ кард, вале ҳамон вақт ҳам чашмаш хира медиданд.
— Дар болои сарам дарахт, дар атрофам... дар зерам, мисли ин ки санг — бекора устухонҳоям дард намекунанд. Ғулич беша... Ман чӣ тавр ба ин ҷо омадам?
— Ба ёдам омад! — пас аз дақиқае фикр кардан гуфт ӯ.— Сарам ба дарахт зад. Ана ҳамон шохе, ки маро аз болои зин сарнагун кард. Пои чапам дард мекунад. Ҳа, дар ёдам ҳаст,— поям ба танаи дарахт зада буд. Арвоҳ занад, аз афташ, шикастааст...
Ҷавон аз ҷой хестанӣ шуд. Вале ин ба ӯ муяссар нагардид. Пои дармандаш мадор накард — аз беҷошавӣ ё зарб зонуяш бисёр варам карда буд.
— Аспи сиёҳмушкин куҷост? Албатта, гурехта рафтааст. Ҳоло, эҳтимол, дар аспхонаи Каса-дель-Корво бошад. Вале зимнан, чӣ фарқ дорад — агар вай дар ҳамин ҷо дар наздам мебуд ҳам, аздусар ба ӯ савор шуда наметавонистам... Он кас чӣ? — андак пас илова намуд вай.— Худоё, ин чӣ даҳшате буд! Ҷои тааҷҷуб нест, ки сиёҳмушкин хӯсидааст... Чӣ бояд кард! Эҳтимол, поям шикаста бошад. Бе мадади дигарон аз ҷой ҷунбида наметавонам. Ҳеҷ умеде нест, ки ягон кас ба ин ҷо ⸌омада бошад. Ба ҳар ҳол то меояд, ки ман тӯъмаи ин паррандагони нафратангез мегардам. Бало занад, чӣ махлуқҳои ҳабис! Онҳо минкорҳои худро кушода истодаанд, гӯё аллакай дар тараддуди тахтӯл кардани мананд!.. Оё ман дар ин ҷо дуру дароз хобидаам? Офтоб чандон баланд набаромадааст. Ман субҳидам ба зин нишаста будам. Эҳтимол, як соат беҳуш хобидам. Чин занад, кор чаток... Аз рӯи дардаш, зоҳиран, поям шикастааст, ҷарроҳ бошад дар ин ҷо нест. Бистари сангӣ дар ҷои касмаёби бешаҳои Техас... Онҳо ба масофаи чандин мил тӯл кашидаанд — худам аз ин ҷо ҷон ба саломат мебарам гуфта ҳеҷ умед кардан мумкин нест. Ва ҳеҷ кас ба ин ҷо намеояд. Дар замин гургон гаштаанд, дар ҳаво каргасон... Ва чӣ тавр маро лаҷоми аспро сар дода мондам?! Шояд, ба зин нишастанам охирин маротиба буд.
Чеҳраи ҷавон ғамгин шуд. Ҳар қадар ки хавфу хатари вазъиятро, ки бо сабаби андак тасодуф гирифтор шуда буд, дарк менамуд, чеҳрааш ғамгинтар мегардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо