Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

дидан ҳамон, дарҳол пай мебурд, ки ба ин ҷо марг қадам гузоштааст.

Агар ӯ пеш мерафт, тасдиқи ҳамин — кӯлмаки хунро меёфт, ки онро суми аспон зер карда буданд.

Вале даррандагон бар болои худи кӯлмак чарх намезаданд. Маркази даврзаниҳои онҳо, гӯё, канортар дар байни дарахтон буд; зоҳиран, ғанимате, ки онҳоро ба худ ҷалб менамуд, дар ҳамон ҷо буд.

Дар ин пагоҳии барвақт ягон роҳгузар набуд — на теҳасӣ буд, на аҷнабӣ, ки ростии ин тахминро санҷида бинад; ҳол он ки ин ҳақиқат буд.

Дар беша дар масофаи чоряк мил аз кӯлмаки хун он чизе мехобид, ки диққати даррандагонро ба худ ҷалб менамуд. Вале ин ҳайвони хунхор не, балки одам — ҷавони зебое буд, ки чеҳрааш дар ҳолати марг ҳам хеле хушрӯй буд.

Вале оё ӯ мурда буд?

Аввало ба назар чунин менамуд, ки ӯ мурдааст ва паррандагони сиёҳбол ҳам ӯро мурда ҳисоб мекарданд. Беҳаракатӣ ва ҳолату вазъияти ғайритабиии онҳоро ба ин бовар мекупонд.

Ӯ сарашро ба қафо партофта, пуштинокӣ мехобид ва рӯяшро аз офтоб панаҳ намекард. Дасту пойҳои вай дар рӯи замини серсанг паҳн беҳаракат мехобид ва гӯё қудрату мадорашро аз даст дода буд, ки онҳоро идора кунад.

Дар он наздик дарахти дуби азиме рӯида буд, вале сояи он ҷавонро панаҳ намекард — ӯ аз хаймаи шоху барг берун мехобид ва шуоъҳои офтоб, ки акнун ба гулии беша дохил мешуданд, чеҳраи рангпаридаро лесида мегузаштанд ва аз акси чилои панамаи сафед, ки саҳл пешониашро мепӯшонд, боз ҳам пардаранг менамуд.

Марг тарҳи рӯи ӯро зишт нагардонида буд, вале боз камтар ба он монанд буд, ки хобида бошад. Чашмони ӯ нимпӯш ва дар зери миҷгонҳояш мардумаки васеъшудаи чашмон намудор буданд.

Оё ӯ мурда буд?

Бешубҳа, паррандагони сиёҳ ӯро мурда мешумурданд.

Вале онҳо саҳв карданд.

Оё ҷавонро шуои офтоб, ки ба пилкони нимвояш меафтоданд, бедор кард ва истироҳат ба ӯ қувват бахшид, вале ӯ ҷунбид ва чашмонашро калон кушод.

Дере нагузашта ӯ нимхез шуд ва ба оринҷ такя карда, ҳайратомез ба гирду атроф назар андохт.

пешина
аз 509
навбатӣ