Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Чун ҳар чорашон худро дар паноҳи беша диданд, аз аспҳо пиёда шуданд ва онҳоро ба дарахтон бастанд; пас аз ин ба кор шурӯъ намуданд ва онро фақат ба ҳамон чизе муқоиса намудан мумкин, ки дар паси пардаи театри музофотӣ пеш аз тамошои фоҷиа аз ҳаёти ваҳшиён шурӯъ мешавад.
Боби XLII
ҚАРГАСОН РЕЗ МЕКУНАНД
Чарх задани селаи каргасони сиёҳ дар болои дашт — барои Техаси ҷанубӣ манзараи муқаррарӣ мебошад ва ҳар касе, ки аз он ҷо сафар кардааст, албатта, ин манзараро дидааст.
Онҳо сад-сад, дусад-дусад парида меоянд, дар осмон кушод-кушод ва печ-печ давр мезананд; гоҳ поин фуромада, болҳояшон қариб ба алаф мерасад, гоҳ қанотҳои калон кушодаашонро начунбонида нохост ба авҷи фалак мебароянд — дар фонӣ осмон тарҳҳои дандонадори онҳо баръало намудор мешаванд.
Мусофире, ки инро бори аввал мебинад, беихтиёр аспашро нигоҳ медорад, то ки ба паррандагон муоина кунад. Ҳатто барои он касе, ки дидани селаи каргасон навигагӣ нест, беихтиёр ба фикр фурӯ меравад: ин даррандагон барои чӣ ҷамъ шудаанд?
Охир ин паррандагони мурдор бекора парида намеоянд. Ва мусофир хоҳ бинад, хоҳ не, ӯ медонад ки дар замин айнан дар ҷое, ки бар болояшон каргасон парвоз мекунанд, ҳайвони кушта ва шояд, одами мурда ё худ ҷон додаистода хобидааст.
Пагоҳии он шаби торик, вақте ки се савора даштро миёнбур карданд, бар болои ҳамон бешае, ки онҳо ба он ҷо даромада буданд, ҳамин манзараро дидан мумкин буд. Селаи каргасони сиёҳ дар ҳамон ҷое, ки пайраҳа тоб мехӯрд, дар болои дарахтон чарх мезад.
Субҳидам ҳанӯз аз каргас ному нишон набуд. Вале аз тулӯи офтоб як соат нагузашта буд, ки садҳо каргасон болҳояшонро васеъ кушода аллакай дар ин ҷо парвоз мекарданд; сояҳои сиёҳи онҳо аз рӯи шоху барги сабзи дарахтони беша лағжида мегузаштанд.
Марди техасӣ ба ин пайраҳа по монда ва ин се..ап шумхабарро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо