Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Карамба! Капитани америкой имшаб ба ҳамин ҷо омада буд. Ҷин занад! Ман аранг-аранг дар хотир дорам, вале ба назарам чунин намуд, ки инро дар хоб дидаам. Сабаби ба чӣ ҷо омаданашро пай мебарам. Ӯ аз рафтани дон Морисио огоҳ шудааст. Ӯ қарор диҳад, ки ман аз хоб сер шудаам, яқин ба ин ҷо меояд. Ҳа-ҳа! Ҳамаш бе гуфти вай иҷро карда мешавад. Дастурҳои минбаъдаи вай ба ман лозим не. Ҳазор доллар! Кирои пул! Баробарч ин пулро гирифтанам, ман ба Рио-Гранде меравам ва кӯшиш мекунам бо Исидора оштӣ кунам.

Эль-Койот худ ба худ ин суханонро гуфта, дар ҳакале фақат ҳамон қадар вақте истод, ки дар ин муддат саросемавор якчанд бурда гӯшти бирёнро фурӯ дода, аз болояш як қулти калон агуардиентро нӯшид. Баъд аспашро дастгир карда зин зад, ӯзангуҳои калонашро овехт, карабини хурдакакро ба қоши зин баст, ба ҳар ду ғилоф як таппончагӣ андохт, мачетеи ғилофаш чарминро ба миён ҳамоил карду часта ба зин нишаст ва дартоз равон шуд.

Пеш аз он ки роҳи даштро пеш гирад, боз як бори дигар ба канори посёлка рафт ва саворонеро, ки мебоист ӯро мушоҳият мекарданд ва аллакай онҳоро огоҳ намуда буд, ки ёриашон дар як кори махфӣ ба вай лозим аст, мунтазир шуда истод.

Ҳар се дӯсти Эль-Койот, гӯё, аллакай аз нақшаҳои вай огоҳонида шуда буданд. Ба ҳар ҳол, онҳо медонистанд, ки ҷои амалиёт Аламо хоҳад шуд. Вақте, ки Диас дар ибтидои роҳ сари аспашро ба дигар тараф гардонида, онҳо ба вай фарёд заданд, ки ба дигар роҳ равад.

— Ман Аламоро нағз медонам, — гуфт яке аз онҳо, ки низ мустангер буд. — Чанд ин маротиба дар он ҷо мустанг шикор кардаам. Аламо дар ҷануби шарқии ин ҷо воқеъ гардидааст. Роҳи наздиктарин ба он ҷо ана ҳамин пайраҳаро бурида мегузарад. Дон Мигуэль шумо анча ғарб рафтед.

— Наход? — таҳқиромезона гуфт Диас. — Шумо, сеньор Висенте Барахо, шояд, америкой бошед. Шумо фаромӯш мекунед, ки аспҳои мо наъл доранд. Ҳиндуҳо аз қалъаи Инҷ рост ба Аламо намеоянд, то ки... Умедворам, шумо мақсади маро мефаҳмед?

— Дуруст! — ҷавоб дод Барахо. — Мебахшед, дон Мигуэль! Карамба! Ман дар ин бора фикр накардам.

Ҳар се ҳамроҳи Эль-Койот дигар баҳс накарда ба дунболи ӯ равон шуданд. Онҳо хомӯшона роҳ мерафтанд ва ин хомӯшӣ то даме давом кард, ки оқибат, онҳо якчанд миль дуртар аз пайраҳа, ки Барахо гуфта буд, ба беша расиданд.

пешина
аз 509
навбатӣ