Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Агуардиенте! Ёбед, кабальеро. Айнан ҳамон чизе, ки ман мехоҳам.
— Як доллар! Ин як доллар меистад.
— Карамба! Ман ин чизро чунон тез-тез харида меистам, ки нархаш нағз дар хотирам аст. Ана ин танга ва ана ин зарфро гиред. Онро пур кунед, зуд бошед!
— Шумо шитоб доред, герр Диас? Ман шуморо маътал карданӣ нестам. Дар дашти мустангон шикор карданӣ ҳастӣ?
Метарсам, ки ирландӣ аз шумо пеш гузашт. Баромада рафтагиаш шаб буд. Шаб аз нисф гузашта буд, ки аз меҳмонхонаи ман баромада рафт — барои саёҳат ин хеле барвақт. Ин мустангер — мистер Морис Чералд одами аҷибест! Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ намедонад, ки аз вай чиро нигарон шудан лозим. Ман дар ҳаққи вай гапи ганда гуфта наметавонам. Ӯ иҷоранишини нағз буд, одами бадавлат барин, саховатмандона ҳисобу китоб кард ва боз пули бисёраш монд. Майи готт, киссаҳои вай пур аз доллар буданд!
Хабари ба «дашти мустангон» рафтани марди ирландӣ, чӣ тавре ки Обердофер гуфт, мексикоиро хеле шавқманд кард. Ӯ шавқи худро аввадан бо нидои пасти тааҷҷуб, баъд низ бо бесабрие, ки ҳоло ба ҳарзагӯии немис гӯш андохта, дар ҳар як имову ишораи вай ҳувайдо мегардид, ифода менамуд.
Вале ӯ кӯшиш мекард, ки ҳаяҷони худро ниҳон дорад. Ба ҷои он ки ӯ Обердоферро пурсуҷӯ кунад, беэтиноёна ҷавоб дод:
— Корам чӣ, кабальеро. Дар дашт мустанг аз ҳар чӣ бисёр — барои шикори ҳама мерасад. Тезтар бошед, сеньор, агуардиенти маро диҳед.
Немис аз бурида шудани ғайбаташ як каме ранҷур гардида, зуд обкадуро аз арақ пур кард. Ӯ сӯҳбатро давом додан наҳоста, обкадуро ба мексикой дароз кард, як долларро гирифта ба қуттии пул партофт ва ба назди солдатони басе хушчакчак баргашт, чунки онҳо насиҳ менӯшиданд.
Бо вуҷуди ташна буданаш Диас даҳони обкадуро накушода аз бар баромад ва гӯё ҳатто онро фаромӯш карда буд.
Ӯ акнун аз ким-чӣ ошуфтаҳол буд, ки он зӯртар аз майлу хоҳиши нӯшидан буд.
Вай дарҳол ба хона барнагашт, балки аввал ба се кулбае, ки дар канори поселка буда, ҳамин гуна дӯстдорони даромади осон зиндагӣ мекарданд, сар халонд ва пас аз он роҳи хакалей худро пеш гирифт.
Дар бозгашт Эл-Койот изи суми аспи наълзадаеро дид ва пайхас кард, ки ӯро ба дарахти наздики хакале бастаанд.

пешина
аз 509
навбатӣ