Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ин корро накард. Агар роғҳои деворҳои кӯҳнаро ба назар нагирем, дар ягона рахнае буд, ки равшанӣ медаромад,— ва равшанӣ бошад барои иҷрои он касду нияте лозим буд, ки ба мақсади иҷрои он хеста буд.

Аммо равшании хокистарранги субҳгоҳӣ, ки аз дари кушода ба хона медаромад, ҳанӯз кулбаро кам равшан мекард. Эл-Койот чор тарафро мекофт, пешпо мехӯрд, ҳақорат медод ва оқибат чизи даркориашро ёфт; обкадуи калоне, ки аз гулӯ сӯрох карда тасма гузаронида шуда буд, хизмати зарфи обгирӣ на аксар вақт хизмати маю шароб барин нӯшокиҳоро иҷро мекард.

Чусту марди мексикой даҳони обкадуро кушод, бӯе дар гирду атроф паҳн гардид ва бӯй аз он шаҳодат медод, ки ба наздикӣ дар даруни зарф арақ буд; вале аз рӯи ҳақорати бадҷахлонаи соҳибаш маълум гардид, ки он акнун холӣ мебошад.

— Ҳазор лаънат! — бо яъсу ноумедӣ бадхашмона фарёд зад ӯ ва обкадуро меафшонд, ки ба холӣ будани он тамоман боварӣ ҳосил кунад.— Як чакра нест! Ба доругӣ ҳам ёфт намешавад. Забонам ба қомам часпид. Ҳалқам чунон месузад, ки гӯё аз он як манқалдон ангишти сӯзонро гузаронида бошанд. Чин занад! Ман дигар тобу токат надорам! Чӣ бояд кард? Субҳ медамад. Ноилоҷ ба посёлка рафтан лозим. Шояд, Сеньор Доффер барои дастгир кардани паррандаҳои саҳарҳез аллакай доми фиреби худро кушода бошад. Модоме ки ҳамин тавр бошад, койот ба наздаш ҳозир мешавад!

Эл-Койот обкадуро ба гардан овехт ва сераперо ба китф партофта, роҳи посёлкаро пеш гирифт.

Меҳмонхона, ҳамагӣ дар масофаи сесад-чорсад ярд дур аз харобаҳои он, дар ҳамон соҳили дарё воқеъ гардида буд; ин пайраҳа ба вай чунон нағз шинос буд, ки чашми баста онро ёфта рафта метавонист. Пас аз бист дақиқа калавида-калавида ба лавҳаи «Роҳатфизо» наздик шуд.

Толеаш тофт: Обердофер дар бар такудав карда, ба меҳмонони нобаҳангом — якчанд сарбоз, ки барои тар кардани ҳалқашон пинҳонӣ аз казарма гурехта омада буданд, хизмат мекард.

— Майн готт, мистер Диас! — ба меҳмони нав салом дода гуфт соҳиби бар ва маҳз барои як кас, ки медонист нақд пул медиҳад, ҷойи мичозеро, ки ба қарз менӯшиданд, бетакаллуфона ба холии худ гузошт.— Майн готт! Ин шумоед, ки дар ин субҳи барвақт сари по истодаед? Медонам, ки шумо чӣ мехоҳед. Мехоҳед, ки ман обкадуи шуморо бо арақи мексикой пур кунам аг... аг... Номаш чӣ буд?

пешина
аз 509
навбатӣ