Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чеҳраи тарҳаш зебо — ҳамаи онҳо ба одамони типи шакли испани-астёкӣ, ки акнун дар сарзамини бостонии Монтесума¹ зиндагӣ мекунанд, хос мебошад.

Яке аз савораҳо назар ба ҳамроҳонаш басе тануманд буд. Аспи вай аз аспи дигарон беҳтар, сару либосаш бошукӯҳтар, аслиҳааш аз аслиҳаи ҳамроҳонаш зарифтар буда, аз рӯи боқимонда лавозимоти сафар дидан мумкин буд, ки вай саркардаи ин даста мебошад.

Ӯ ба таги чил расида буд, агарчи ба туфайли пӯсти тунуки рухсор ва бакенбарди кӯтоҳи бодиққат қайчизадааш ба назар ҷавонтар менамуд.

Агар нигоҳи сарди беилтифотона ва қиёфаи туршаш намебуд, ки дагалӣ ва бераҳмии сиришти ӯро ошкор мекарданд, шояд, ӯро хушрӯй номидан мумкин буд.

Ҳатто табассуми даҳони хуштарҳаш бо ду қатор дандонҳои баробари симзадааш ин таассуротро кам карда наметавонист — дар ин табассум ким-чӣ ин бӯлисонае буд.

На аз рӯи қиёфа рафиқонаш ба ӯ номи ҳайвонеро дода буданд, ки дар ҳамвории Техас нағз маълум буд. Ӯ барои феълу атвор ва кору рафтораш тахаллуси ногуворе гирифта буд.

Чӣ шуд, ки Эл-Койот ин қадар барвақт сафари дашт карда буд — зоҳиран, Ӯ тамоман ҳушёр буд ва ба болои ин ба даста сардӣ мекард? Охир якчанд соат пеш аз ин Ӯ дар ҳакалейи худ маст мехобид ва на фақат меҳмонро мудабона пазироӣ накард, балки, ҳатто, зоҳиран, нафаҳмид, ки ба кулбааш қадам ранҷа фармудаанд.

Фаҳмонидани ин тағйироти ногаҳонӣ ва то як андоза аҷиб чандон душворӣ надорад. Басанда мебуд агар ҳикоят кунем, ки пас аз ҳакалей ӯ баромада рафтани Колхаун ва то вохӯрии мо бо Эл-Койот, се ҳамшаҳрии ӯ ва аз он лаҳза то ин дам чӣ воқеа рӯй дод.

Колхаун баромадаравон дари ҳакалеро напӯшид ва он то пагоҳӣ кушода истод ва Эл-Койот бошад ҳамоно мехобид.

Субҳидам ӯ аз хунукӣ ва нам бедор шуд. Ин як каме ӯро ҳушёр кард. Ӯ часта аз кат хесту калавида-калавида рӯ-рӯи хона гаштан гирифт ва ҳам ба хунукӣ лаънат мехонд, ҳам ба дар ки ин хунукиро ба дарун даровардааст.

Гумон кардан мумкин буд, ки ӯ дарҳол онро мепӯшад. Вале

¹ Монтесума — пешвои олии астекҳо дар давраи Мексикаро фатҳ кардани испаниҳо.

пешина
аз 509
навбатӣ