Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пурдидаи сарҳадӣ, ки ӯро бо ҳеҷ чиз тарсонидан мумкин набуд. — Қасам мехӯрам ки иблис худаш!

Хандаи дағалаш, ки ба он носазое илова намуд, аз ҳозирон касони басе беҷуръаттарро зиёдтар тарсонид ва, гӯё, ба худи савораи бесар таъсир кард. Ӯ якбора сари аспашро гардонд ва асп девонавор шиҳа кашида ба чорхез даромад.

Савораи бесар рост ба сӯи офтоб асп ронд ва гӯё ба курси рахшанда ворид шуда бошад, дере нагузашта аз назар ғоиб гардид.

Боби XLI

ЧОР САВОР

Дастаи саворон, ки майор ба онҳо сардорӣ мекард, дар ин пагоҳии таърихӣ ягона дастае набуд, ки аз қалъаи Инҷ ба роҳ баромада буд.

Хеле барвақт, қариби бомдод, ба ҳамон тараф — ба сӯи дарёи Нуэсес — дастаи на чандон калони чорнафара равон шуд.

Гумон буд, ки он ба ҷустуҷӯи ҷасади Генри Пойндекстер баромада бошад. Дар он барвақтӣ ҳанӯз касе гумон намекард, ки ҷавон кушта шуда ё ҳеҷ набошад гум шудааст. Аспи бе савора ҳанӯз хабари ғамангезро наоварда буд! Поселка дар хоб буд ва намедонист, ки бегуноҳ хун рехта шудааст.

Сарфи назар аз он, ки ҳар ду отряд аз як ҷо ба роҳ баромада ба як самт равон шуда буданд, дар байни саворони ин отрядҳо ҳеҷ як умумият набуд. Онҳое, ки пеш ба роҳ баромада буданд, испаниҳо буданд, ё худ, дурусттараш, дар рагу паяшон хуни испанӣ бо ацтекӣ буд, — дигар хел карда гӯем, онҳо мексикоиҳо буданд.

Барои инро пайхас кардан на дониши махсус талаб карда мешуд, на мушоҳидакорӣ, танҳо ба онҳо нигаристан кифоя буд. Тарзи аспсаворӣ, миёнҳои борик, ки ба туфайли зинҳои баланд махсусан маълум буданд, серапеҳои дурахшони ба кифт партофта, шимҳои бахмалӣ, махмезҳои калони ба пошнаи мӯзаҳо баста шуда ва, оқибат, сомбрероҳои сиёҳи лапарвасеъ — ҳамаи инҳо аз мексикоӣ буданашон ё одамоне, ки расму таомули мексикоиҳоро қабул кардаанд, шаҳодат медоданд.

Вале ин чор савор, бешубҳа, мексикоӣ буданд. Пӯсти гандумгун, мӯи сиёҳи кӯтоҳ қайчӣ зада шуда, риши фонашакл,

пешина
аз 509
навбатӣ