Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз шуоъҳои офтоби ғурубкунанда чашм кушода наметавонистанд. Онҳо фақат тархи аспи калони зебоеро диданд, ки бар пушташ саворае менишаст. Бадани одамро муоина кардан душвортар буд, зеро ӯ монанд ба борони ба чизе печида, он аз китфаш овезон буд.
Вале дар сурате, ки савора бесар буд, ҳамаи ин чӣ аҳамият дошт? Одами бесаре савори асп дар рӯи зин зарифона осуда нишастаст; махмезҳо дар пошнаҳои пояш медурахшиданд, бо як даст лаҷомро доштааст, дасти дигараш ба рӯи сонаш овезон мебошад.
Ин чист? Шабаҳ набошад? Одами зинда магар ҳамин хел мешавад?
Онҳое ки ба ӯ менигаристанд, касоне буданд, ки на ба шабаҳ боварӣ доштанд, ва на ба рӯъё. Аксарияташон чандин маротибаҳо дар ҷойҳои дурдасти беодам бо инҷиқиҳои аз ҳама сахту ғайричашмдошти табиат мубориза бурда буданд. Ин хел одамон ба шабаҳ бовар намекунанд!
Ва ба ҳар ҳол баробари дидани чунин ҳодисаи ғайриоддӣ ҳатто солимақлтарин касон ба ҳақиқӣ будани он шубҳа мекарданд ва такроран ба худ мегуфтанд:
«Ин бечунучаро шабаҳ аст. Албатта, ин одам буда наметавонад!».
Ҷасомати савораи бесар тасдиқи он фарзу тахмин буд, ки дар пеши назари онҳо зуҳуроти фавқуттабиае истодааст. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ бар болои аспи оддӣ назар ба одами муқаррарӣ ду маротиба калонтар аст. Вай, балки гуфтан мумкин, шахси қавиҳайкале буд, ки савори аспи азим мебошад; шояд, ин таассуроти фиребандае буд, ки аз шикастани шуоъҳои офтоб ҳосил мешуд ва ба таври уфуқӣ аз байни ҳавои ларзанда гузашта, бар болои дашти тафсон паҳн мегардид.
Вале ҳозир вақти баҳсу мунозира, ҳатто фурсати дурустакак муоина кардани ин зуҳуроти ваҳшатнок набуд, ки ҳамаи ҳозирон аз офтоби чашмхиракунанда дастонро лапар карда, бо диққати тамоман ба ӯ менигаристанд.
На ранги сару либоси ӯро фарқ кардан мумкин буд, на ранги аспашро. Фақат шакли андом — тархи сиёҳи ӯ дар фони тиллорангии осмон намудор буд. Вале ба ҳар тарафе, ки сӯи онҳо барнамегашт, вай боз ҳамон зуҳуроти баённашаванда — савораи бесар буд.
Пас пай чист? Оё шабаҳ аст? Одами зинда магар ҳамин хел мешавад?
— Иблис аст бар асп савор! — нохост фарёд зад яке аз сокиноии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо