Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вале нохост масъала тамоман ранги дигар гирифт. Соҳиби меҳмонхона Обердофер мунтазири таклиф нашуда, худаш ба ин маҷлис омад. Вай аз байни издиҳом гузашта, эълон кард, ки маълумоти муҳимеро хабар додани аст, ки он, шояд, ба ҷавоби саволи бори охир кай Генри Пойдекстерро дида бубед ва ӯ ба кадом тараф рафт, ёрӣ диҳад.
Немис забони англисиро вайрон карда, чунин нақл кард. Морис-мустангер, ки пас аз дуэл бо капитан Колҳаун дар меҳмонхонаи ӯ истиқомат мекард, имшаб баромада ба ким-куҷо рафт ва вақтҳои охир ин маротибаи чандум буд.
Ӯ хеле бевақт гашта омад. Соҳиби меҳмонхона ҳанӯз нахобида буд, чунки дар бар ҷавонон базм мекарданд. Мустангер, ки кайҳо боз пули истиқоматашро надода буд, бар хилофи интизории соҳиби меҳмонхона як сент намонда ҳамаашро ҳисобу китоб кард.
Худо худаш медонад, ки ин пулро аз куҷо ёфта овард ва чаро ин қадар бошитоб монда рафт. Фақат вай, Обердофер, медонад, ки Морис Жералд аз меҳмонхонаи ӯ баромада равон мисли ин ки ба шикори мустангҳои ваҳшӣ мерафта бошад, тамоми асбобу анҷомашро гирифта бурд.
Бинобар ҳамин соҳиби меҳмонхона қарор дод, ки мустангер ба шикор рафт.
Вале ин ҳама ба масъала чӣ муносибат дорад? Муносибати хеле калон. Вақте ки шоҳид оқибат ба баёни далелҳои басе қатъӣ гузашт, ин фақат дар эзоҳ маълум гардид, яъне: пас аз бист дақиқаи баромада рафтани мустангер Генри Пойдекстер дарро так-так зад — ӯ мехост мистер Морис Жералдро бинад. Вақте ба вай гуфтанд, ки Морис рафт ва ба кадом тараф рафтанашро фаҳмонданд, Пойдекстери ҷавон гӯё мустангерро даръёб кардани шуда зуд ба тарафи нишон додашуда асп тозонд.
Ҳама он чӣ ки Обердофер медонист ва ҳама он чӣ ки нақл карда тавонист, ҳамин буд.
Агарчи дар маълумотҳои гирифташуда баъзе норавшаниҳо бошанд ҳам, ба ҳар ҳол онҳоро асос карда, ба кофтуков шурӯъ намудан мумкин буд. Агар Генри Пойдекстер ҳамроҳи Морис-мустангер ё аз қафои ӯ рафта бошад, пас ӯро дар ҳамон роҳе ҷустуҷӯ кардан лозим аст, ки Морис-мустангер бояд ба он равад.
Оё ягон кас дар куҷо будани кулбаи Морис-мустангерро медонад?
Ҳеҷ кас аниқ инро намедонист; баъзеҳо тахмин мекарданд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо