Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки он бояд дар ким-куҷои канорҳои Нуэсес, дар шохоби Аламо бошад.

Ба ҳамин тариқ, барои он ки изи ҷавони гумшуда ё ҷасади ӯ ёфта шавад, қарор карда шуд, ки ба тарафи Аламо рафтан лозим аст: шояд, дар ҳамон ҷо ҷасади Морис-мустангерро ҳам пайдо кунанд. Дар он сурат — на фақат қасоси ваҳшиёна кушта шудани як кас, балки ҳардуи онҳоро гирифтан лозим меояд.

Боби XXXIX

ҚУЛМАКИ ХУН

Бо вуҷуди он ки ин отряд аз отряди муқаррарии сокинони сарҳадӣ бисёртар буда, ба ҷустуҷӯи ҳамсояи раҳгумзадаашон баромада бошад ҳам, бағоят эҳтиёткорона пеш мерафт.

Барои ин далелҳои ҷиддӣ буданд: ҳиндуҳо дар пайраҳои ҷанг буданд.

Пеш-пеш разведкачиҳо ва пайгирҳо фиристода шуданд, ки вазифаи онҳо ёфтани пай ва фаҳмидани аҳамияти онҳо буд.

Дар дашт, ки ба масофаи даҳ миль ғарбтар аз Леона паҳн гардида буд, онҳо ҳеҷ гуна из наёфтанд. Замини он ҷо чунон сахт ва хушк буд, ки дар он фақат аспи чорнаъл тохта истода нақши пой гузошта метавонист. Вале дар ин ҷо ин гуна изҳо набуданд.

Дар масофаи даҳ миль дур аз қалъа аз байни ҳамин беша пайраҳае мегузашт, ки ба шимоли ғарбӣ ва ҷануби шарқӣ кашида шуда — он паттазори ҳақиқии Техас буда, дарахтонашро яксара лиана печонида, ин бешаро чӣ барои одам ва чӣ барои асп қариб гузаштанашаванда мекард.

Рост аз қалъа аз байни ҳамин беша пайраҳае мегузашт, ки то дарёи Нуэсес кӯтоҳтарин роҳ буд! Пайраҳа, ки ба қаторҳои баробар хошия кашида шуда буд, таассуроте ҳосил мекард, ки хиёбони ҳақиқӣ мебошад. Шояд, ин пайраҳаи кӯҳнаи ҳарбии команчиҳо буд, ки дар вақти юришҳои онҳо ба Тамаулипас, Коауила ва Нуэво Леон1 гузошта шуда буд?

Пайгирҳо медонистанд, ки ин пайраҳа аз Аламо мебарояд ва отрядро бо он бурданд.

1 Тамаулипас, Коауила ва Нуэво Леон — штатҳои Мексика.

пешина
аз 509
навбатӣ