Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин ҳиндуҳо ба пайраҳаи ҷанг баромаданд ва ба Леона барин чунин деҳи аз дигар ҷойҳо дур метавонистанд аз шарқ ҳамла биёранд; ин макру ҳиллаи муқаррарии стратегии команчиҳо — ҷанговарони пуртаҷриба буд.

Таваккал гӯён тахминан рафтан беандешагӣ мебуд, вале чӣ тавр фаҳмидан мумкин буд, ки аз сию ду роҳи имконпазир кадомаш дуруст аст?

Ба гурӯҳҳои на чандон калон ҷудо шуда ба ҳар тараф рафтан лозим гуфта таклиф кардан маъқул дониста нашуд ва майор онро рад кард.

Мумкин ки ҳиндуҳо ҳазор нафар бошанд, ба муқобили онҳо зиёди зиёд фақат сад нафар одам фиристондан мумкин буд; аз қалъа панҷоҳ драгун ва тахмин ҳамин қадар савора аз плантацияҳо. Ҳатман бояд ҳамроҳ амал кунанд, набошад дар сурати ҳамла бо осонӣ дастаро қисм-қисм торумор мекунанд.

Далелро асоснок шумориданд. Ҳатто падари ғамзада ва хоҳарзода, ки ба назар камтар аз тағояш андӯҳгин набуд, розӣ шуданд, ки ба фикри оқилонаи аксарият, ки онро худи майор дастгирӣ карда буд, розӣ шаванд.

Ба ҳамин тариқ қарор карда шуд, ки як отряди пурқувват шуда ба ҷустуҷӯ баромадан лозим аст.

Вале ба кадом тараф? Оид ба ин ҳамоно муноқиша мекарданд.

Капитани бомулоҳиза Слоумен таклиф намуд пурсида шавад, ки дафъаи охир шахсе, ки ба тахминашон кушта шудааст, ба кадом тараф рафта буд. Генри Поиндекстерро аз ҳама охир кӣ дида буд?

Пеш аз ҳама падар ва бачаи аммаашро пурсупос карданд.

Плантатор писарашро бори охир дар сари таоми шом дида буд ва тахмин мекунад, ки пас аз ин ӯ хобиданӣ рафт.

Ҷавоби Колхаун муҷмал буд. Ӯ ҳамроҳи тағобачааш каме сонитар сӯҳбат кард ва дар дилаш тасаввуре пайдо шуд, ки пас аз хайру хуш ҷавон ба ҳуҷрааш рафт.

Чаро Колхаун ҳар он чиро, ки дар ҳақиқат рӯй дода буд, руст кард? Чаро вай хомӯш истода ҳодисаи боғро, ки шоҳиди он буд, нагуфт?

Магар аз он рӯ набуд, ки метарсид доир ба роли дар он бозидааш нақл карда, дар ҳолати зиллатовар монад?

Ҳар чӣ ки набошад, ҳақиқатро рӯпӯш кард ва ҷавобе ки ӯ дод, дар дили ҳозирон шубҳа ба амал овард.

Агар онҳо барои гумону шубҳа асос ё агар барои пурсупос бештар вақт медоштанд, дурӯғу риё боз ҳам ошкортар мегардид.

пешина
аз 509
навбатӣ