Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ё ҳатто ду нафари онҳоро бубинад, ба ҷуз, ҷӯгзе, ки аз қуллаи ягон тали баланд истода ё қозодой, ки дар баландии осмон шапалакҳои шабгардро шикор мекард.
Пас аз як соат, вақте ки ҳар се мусофир аз қалъаи Инҷ даҳ миль дур рафтанд, масофаи байни онҳо анқадар тағйир ёфт.
Савораи якум навакак ба пайраҳаи дарози ҷангалӣ расид. Пайраҳа мисли хиёбон ба ғулии беша, ки ба андозаи чашмрас ба чапу рост доман паҳн карда буд, даромада мерафт. Пайраҳаро ба гулӯгоҳи васеъ ташбеҳ додан мумкин буд: сатҳи сабзи он чун сатҳи об, ки ба соҳил ҳамҳудуд мебошад, бо дарахтони шоху баргашон сабзи баланд ҳошия кашида шуда буд. Моҳи шомхӯрда истода тахмин ним миль пайраҳаро равшан мекард. Он тараф пайраҳа якбора тоб хӯрда ба сояи сиёҳи дарахтон медаромад.
Пеш аз он ки савораи якум ба ин пайраҳа асп ронад, баръало дудила шуд: ӯ аспашро нигоҳ дошт ва як ё ду сония ба дур чашм дӯхт. Тамоми диққати вай ба роҳи байни ғулии беша нигаронида шуда буд, ӯ ба ақиб нигоҳ намекард.
Вале дудилагии ӯ бисёр давом накард.
Савора ба қароре омада аспашро маҳмез зада, ба пеш равон шуд.
Ва ҳамин вақт саворае, ки боронии сиёҳ дошт ва бо ҳамин роҳ аз думболи ӯ меомад, савораи якумро дид; акнун савораи дуюм фақат ним миль аз вай дур буд.
Савораи боронии сиёҳпӯш баробари дидани вай якбора бо овози паст дод гуфт. Гӯё вай хушнуд буд, ки оқибат шахсеро, ки даҳ миль боз аз ақибаш асп меронад, дарёфт мекунад. Аспро боз ҳам тезтар ронда, ӯ низ ба пайраҳа даромад. Вале савораи якум дар ҳамгашт дар сиёҳии соя аллакай ғоиб гардида буд.
Савораи дуюм бе ҳеҷ дудилагӣ ба думболи ӯ рафт ва дере нагузашта низ аз назар панаҳ шуд.
Пеш аз ин ки савораи сеюм ба ин ҷо расад, басе вақти зиёд гузашт.
Вай он ду саворон аввала барин ба беша надаромад, балки сари аспро ба канор, -ба ялангӯи беша гардонд; ӯ аспашро дар ҳамон ҷо баст ва аз байни буттазор уреб ба пайраҳа баромад.
Пештара барин ӯ дам ба дам гашта ба ақиб менигарист, гӯё ҳар чизе ки дар он ҷо рӯй медод, аз воқеаҳои дар пеш шуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо