Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Шояд, вай савораи якумро дарёб карданӣ буд... Назар ба рафтораш комилан эҳтимоли куллӣ бар ин мерафт. Дам ба дам ба пеш ҳам шуда бодиққат ба дур менигарист ва гӯё дар фони осмон намоён шудани тархи андомро диданӣ буд.
Дере нагузашта савори дуюм низ айнан дар ҳамон ҷое, ки савори якум ғоиб гардида буд, нопадид шуд. Ба назари касе, ки аз қалъа ё аз поселка истода ба онҳо менигарист, ҳамин тавр намуданаш мумкин буд.
Ва бо як тасодуфи аҷиб, — агар ин тасодуф бошад, — айнан дар ҳамон лаҳзае, ки савораи дуюм нопадид гардид, дар ноҳияи даҳани хурдакаки Техас савораи сеюм намудор шуд; ӯ ба ҳамон самте, ки низ ду савори аввала рафта буданд, ҳаракат кард.
Ӯ низ мисли онҳо сару либос пӯшида, гӯё ба саёҳат баромада буд. Вай боронии сурхи кушода дошт ва андоми ӯро тамоман панаҳ мекард. Аз зери домани васеъ милтиқи кӯтоҳмили шикорчигӣ намудор буд, ки дар рӯи зин кӯндаланг мехобид.
Мисли савори якум ӯ низ оҳиста-оҳиста роҳ мепаймуд, агарчи роҳи дуру дарозе ӯро дар пеш буд. Дар зимни он ӯ хеле бесаранҷом буд ва бо ин кораш савораеро ба хотир меовард, ки бевосита пеш-пеши ӯ мерафт.
Вале дар кору рафтори ин ду одам фарқияти калоне буд. Дар сурате ки савораи боронии тира пӯшидагӣ, ба назар касеро дарёб карданӣ буд, савораи боронии сурх пӯшидагӣ, баръакс, якзайл бармегашт ва гӯё фақат як чизро донистан мехост, ки дар қафо чӣ воқеа рӯй медиҳад.
Баъзан сари узангу хеста, ба гирду атроф чашм медавонд, баъзан сари аспро ба ақиб гардонида, ба роҳе, ки навакак омада буд, зеҳн мемонд ва ҳар замон гӯш андохта, гӯё мунтазир буд, ки ҳамин дам ким-ки ба ӯ расида мегирад...
Ин савора ҳам дам ба дам ба ақиб нигариста, ба зудӣ дар дур ғоиб гардид; ӯ ҳеҷ касро дарёб накард ва ҳеҷ кас ҳам ба ӯ расида нагирифт.
Ҳар се савора, ки қариб як масофа онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекард, якдигарро надида дар дашт ҳаракат мекарданд.
Ва ҳеҷ кас наметавонист, ки чашм андохта яку якбора сеяшонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо