Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мумкин буд, ки чӣ тарз мусофири якум аз посёлка барома-да ба сӯи дарёи Нуэсес ё яке аз шохобҳои он равон шуд.

Шояд, илова кардан барзиёд бошад, ки ӯ савора мерафт, зеро дар Техас пиёдагардонро фақат дар шаҳрҳо ва дар план-тацияҳо вохӯрдан мумкин.

Савора бар аспи хеле хубе менишаст; баробар қадампартоии чандири асп аз он шаҳодат медод, ки ӯ ба ҳар хел сафари дуру-дароз тоб оварда метавонад.

Гуфтан душвор буд, ки ин гуна сафар дар назар дошта шу-дааст ё не. Савора ба тарзе сару либос пӯшида буд, ки одатан ҳар як марди техасӣ даҳ-бист мил роҳ тай кардаӣ шуда ин гуна сару либос мепӯшад. Эҳтимол, ӯ ба хона базмегашт. Гумон буд, ки ӯ дар ин бевақтӣ аз хона баромада бошад. Серапе, ки бе-парвоёна ба китфаш партофта шуда буд, шояд, фақат барои му-ҳофизаи шабнами шабонгоҳӣ муқаррар гардида буд.

Аммо азбаски имшаб шабнам нарехта буд, шояд, савора ҳа-қиқатан азми сафари дурудароз дошт, алалхусус дар он самте, ки роҳ пеш гирифта буд, дар наздикиҳо ягон деҳа набуд.

Сарфи назар аз ин, ӯ асло шитоб намекард, мисли ин ки парво надошт, кай ба манзил рафта мерасад. Баръакс, ба на-зар чунин менамуд, ки ӯ ғарқи ёддоштҳои худ мебошад ва онҳо чунон ӯро машғул дошта буданд, ки ба муҳит ҳеҷ як аҳамият намедод.

Асп ба ихтиёри худ гузошта, лаҷомаш сар дода шуда буд, вале ӯ наистода, гӯё пайраҳа шинос бошад, дилпурона қадам партофта мерафт.

Мусофири якум, аспашро на бо зарби қамчин, на бо маҳмез ҳадаҳа накарда роҳ мерафт ва оқибат дар дур дар байни туман, ки моҳ ба зӯр онро равшан мекард, ғоиб гардид.

Қариб дар ҳамон лаҳзае, ки савораи якум аз назар ғоиб гардид, дар канори посёлка савори дуюм пайдо шуд ва гӯё онҳо пешакӣ маслиҳат карда бошанд, бо ҳамон роҳ рафт.

Аз рӯи сару либосе, ки ӯ ба тан дошт, шояд, вай низ ба са-фари дуру дароз баромада буд.

Ӯ боронии тираи васеъ пӯшида, аз қафо чин-чин шуда ба сагрини асп мефуромад.

Бар хилофи савораи якум ӯ ба ким-куҷо мешитобид ва як-зайл аспашро бо қамчин ва маҳмез тез меронд.

Ба назар чунин менамуд, ки вай касеро дарёб кардааст.

пешина
аз 509
навбатӣ