Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале нағзаш ҳамаш дар ҳолати будагиаш мондан гирад. Вақте ки шумо сафари дашт кардаӣ шуда, ҳамин ки аз доираи деҳ мебароед ва аз «роҳи калон» ба дигар сӯй тоб мехӯред, ки дар он изи суми панҷ-шаш асп намудор аст ва онҳо пештар аз аспи шумо гузашта рафтанд, соатҳои дароз, ҳафтаҳо, моҳҳо, шояд, соли дароз роҳ тай карда, ягон одамро вонахӯред.

Танҳо ҳамон касе, ки худаш дар ҳамвории азими Техас саёҳат кардааст, ба қадри бепайдоканориҳои он расида метавонад: баробари дидани он эҳсосе шуморо фаро мегирад, ки ҳангоми мушоҳидаи беинтиҳои чунин эҳсос ҳосил мешавад.

Шояд ин суханони ман бештар аз ҳама ба дарёнавард мафҳум бошанд. Мисли киштие, ки уқёнуси Атлантикро — ҳатто роҳҳои обии аз ҳама серрафту омадро гузашта истода, дар роҳ ягон киштии о дучор намеояд, ҳамин тавр одам ҳам дар дашти ҷанубию ғарбии Техас моҳҳои дароз худаш яккаву танҳо роҳ паймуда метавонад. Вале хатти уқёнус бо бепайдоканории фазои худ чунин таассурот намебахшад. Шумо сафари уқёнус карда, пеш рафтани худро пайхас намекунед. Сатҳи васеи кабуди лоҷувардӣ бо гумбади низ лоҷувардии бар болои он вожгуна, вале саҳл сафедҷаҳот якзайл дар атроф ва дар болои сари шумо доман паҳн кардааст ва шумо ҳеҷ як дигаргунӣ намебинед. Ба назаратон чунин намудан мегирад, ки шумо дар маркази доираи азим, дар зери гумбади азим истодаед ва имконияте надоред, ки тамоми бузургии фазои беохири обиро дарк намоед.

Дашт — гапи дигар. «Ҷазираҳои бешагӣ», талҳо, дарахтон, ҳамчун нишони роҳ якдигарро иваз мекунанд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки шумо фазои бепоёнро пас сар карда истодаед.

Сайёҳи даштнавард — ва хусусан дар даштҳои ҷануби шарқии Техас — дар танҳоӣ аз дилрабоии ваҳшии он кам лаззат мебарад; онҳо сайёҳоне мебошанд ки ба муқобили ҳама гуна хавфу хатари ниҳонии ҳамвориҳои беодам, ки дар он ҷойҳо команчиҳо сукунат доранду ду-ду, се-се, вале аксар вақт гурӯҳ-гурӯҳ — даҳ-даҳ, бист-бист савора мегарданд, довталабона мебароянд.

Вале ба ҳар ҳол баъзан дар ин ҷо сайёҳи таку танҳоро вохӯрдан мумкин аст. Масалан, ҳамон шаб, вақте ки дар боғи Каса-дель-Корво фоҷиа авҷ гирифт, қамари се мусофир ҳамвориеро, ки дар соҳилҳои ҷануби шарқии Леона доман паҳн кардааст, танҳо ба танҳо миёнбур карданд.

Ҳамон лаҳзае, ки Колхаун аз барор нагирифтани нияти худ ноумед гашта, кулбай мустангэри мексикоиро тарк мекард, дидан

пешина
аз 509
навбатӣ