Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ана боз як имконият барбод рафт! — ноумедона пичиррос зад Колҳаун ва баргашт ки аз дар барояд.— Аблаҳи ҳушёр ва масти палид — ҷои гап нест, ки онҳо барои амалӣ гардонидани нақшаҳои ман ёрдамчиёни нағз мебошанд! Ҳазор лаънат! Тамоми шаб корам барор намекунад! То ин хук бедор мешавад, ки камаш се соат мегузарад. Расо се соат! Он гоҳ хеле дер мешавад, хеле дер...
Колҳаун ин суханонро гуфта лаҷоми аспро ба даст гирифт ва гӯё дудила шуда истод.
— Дар ин ҷо истодан ҳеҷ фоида надорад. То ӯ ҳушёр мешавад, ки субҳ медамад. Нағзаш ба хона баргашта дар ҳамон ҷо мунтазир мешавам, ё худ...
Ӯ фикри наверо, ки ба каллааш омада буд, бо овози баланд нагуфт. Вале он ҳар хел фикре ки набошад, дудилагиаш барҳам хӯрд.
Колҳаун бо як ҳаракати тунд лаҷомро аз шохи дарахт канда гирифт ва ҷаста ба зин нишаста, муқобили ҳамон самте, ки ба кулбаи Эл-Қойот омада буд, асп тозонд.
Боби XXXVI
СЕ КАС ДАР ЯК РОҲ
Ҳеҷ кас инкор намекунад, ки дар дашт савора роҳ паймудан — яке аз дилангезтарин дилхушиҳои дунё мебошад.
Агар шумо савори аспи бардам ба пушти зинатон халтаи пури озуқа баста шуда, ба қоши зинатон обдони пури об овезон бошаду аз хӯрчинчаи чармини зин портсигари пур аз сигор намоён шуда истад, шумо хотирҷамъ буда метавонед, ки аз ин гуна саёҳат дилгир намешавед.
Он дӯсте, ки бо шумо паҳлӯ ба паҳлӯ асп меронад, агар шумо барин табиатро дӯст дорад, ин сафари пурмашаққатро ба дилхушии фаромӯшнашаванда табдил медиҳад.
Вале агар ҳамроҳатон он нозанине бошад, ки шумо дасту дилатонро ба ӯ бахшидаед, шодию хурсандии бепоёне ҳис мекунед, ки умрбод дар хотиратон мемонад.
Оҳ, агар дар дашт чунин ҷамоаи дилнавоз насиби ҳама сайёҳон мешуд, дар он сурат фазоҳои дурдасти Техаси ғарбӣ сар то сар пур аз турист мегардид! Ҳамвории беканори ваҳшӣ бо пайраҳаҳои бешумор пӯшида мешуд, саванна бошад аз олуфтаҳои ҳавобаланд меҷӯшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо