Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

барои мо кифоя. Ба мо кулба чӣ лозим? Соҳибаш то кулба рафта намемерасад: охир дар роҳ ба вай ҳиндуҳо вохӯрданашон мумкин — ва ҳатто эҳтимол вохӯранд.

Дар ҳамин лаҳза капитани мустаъфӣ ба кулбае наздик шуд, вале ин на он кулбае буд, ки фикрашро мекард, балки кулбаи мустангери мексикой буд, — мақсади саёҳати вай низ ҳамин буд.

Ӯ ҷаста аз асп фуромад ва лаҷомро ба шоҳи дарахт баста, ба дар наздик шуд.

Дар калон кушода буд. Аз дарун садо ба гӯш мерасид, ки садои хуррак будани онро бо осонӣ фаҳмидан мумкин буд.

Вале ин садои хурраккашии одаме набуд, ки ба хоби роҳати сахт рафтааст. Он гоҳ хомӯш мегардид, гоҳ ба садои монанд ба хур-хур табдил ёфта, ба нидоҳои норавшан иваз мешуд, ки бо душворӣ дар онҳо алфози қабеҳро фаҳмидан мумкин буд. Ҳеҷ ҷои шубҳа намемонд, ки соҳиби кулба аз ҳад зиёд нӯшидааст.

— Ё қудрати ҷаҳаннам! Ҳазорон иблису шайтон! — ғур-ғур мекард марди хобида ва ҳамон дам тамоми худоҳои мазҳаби католикиро ба ёдӣ чеғ мезад: — Ё Исои Масеҳ! Ё модархудон кудусса! Ё Марьями акдас!

Колхаун дар остона истода гӯш кард.

— Ҳазорон лаънат! — шунид вай. — Хабарҳои хуш, ба хуни Исои Масеҳ қасам! Бале, сеньор американо! Навигариҳои бисёри нағз! Ҳиндуҳо... Ин... команчиҳо дар пайраҳи ҷанг. Худо ба команчиҳо мададгор бошад!

— Ин худозада масту аласт хобидааст! — бо овози баланд гуфт Колхаун.

— Уй, сеньор! — хитоб намуд марди мексикой, ки аз садои овози одамӣ нимбедор шуда буд. — Ин иззату эҳтиром дар ҳаққи кӣ?.. Не, ин тавр не! Ман шодам, ки шуморо мебинам, ман, Мигуэл Диас, чи тавре ки ҷамъии дайдуҳои хонабардӯш меноманд, Эл-Койот мебошам. Ҳа-ҳа-ҳа! Койот! Ваҳ, шумо чӣ ном доред? Номатон чист, сеньор? Ҳазорон лаънат, шумо кистед?

Эл-Койот дар рӯи бистари қамишинаш нимхез шуда, чанд гоҳ гичу гаранг ба меҳмони нохонда, ки хоббиниҳои мастонаашро бурида буд, нигоҳ карда истод.

Вале ин чандон дуру дароз давом накард. Марди мексикой ғур-ғуркунон суханони номафҳуме гуфт ва аз нав дар рӯи бистар дароз кашид. Хурраккашии баланди гулдурросӣ аз он хабар медод, ки соҳибхона дигар ҳузур доштани меҳмони худро дарк карда наметавонад.

пешина
аз 509
навбатӣ