Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— «Рафтори ношоистам!» Ҳа-ҳа-ҳа! Ту, албатта шухӣ мекунӣ?

— Не, ман тамоман ҷиддӣ гап мезанам. Биё ҳамроҳ меравем ва ту худат инро ба чашмат мебинӣ.

— Дар он сурат ман боз як бори дигар мегӯям, ки ту дар ҳақиқат девонаӣ. На фақат девона, балки аблаҳи рафтаистодагӣ ҳастӣ!

— Бачаи амма Кассий, ту чандон боодоб нестӣ; агарчи пас аз он чи ки худам гуфтам, гапҳои сахти туро бо майли тамом мебахшам. Шояд, ягон вақт ту ҳам аз ман ибрат гирифта, барои дағалинат узр бипурсӣ.

Ҷавони асил ин суханонро гуфта, часта ба асп савор шуд ва аз дарвозаи асиенда баромад.

То дами садои суми асп дар дур хомӯш гардидан, Колхаун аз ҷой начунбида истод.

Баъд, гӯё ба худ омада, қатъӣ қадам партофта, аз айвон гузашта ба сӯи ҳуҷраи худаш равон шуд; ба зудӣ боронии кӯҳна ба тан берун омада, ба аспхона даромад ва аспашро зин кард. Ӯ мисли дузд эҳтиёткорона вайро аз рӯи ҳавлии сангфарш гузаронд. Фақат дар паси дарвозаи асиенда, ки алафи мулоим сар мешуд, Колхаун часта ба зин нишаст ва аспро маҳмез зад.

Ӯ бо ҳамон роҳе, ки Генри Пойндекстер рафта буд, тахмин як-ду мил тай намуд, вале маълум буд, ки ба вай расида гирифтан намехоҳад: акнун садои суми аспи Генри ба гӯш намерасид, Колхаун бошад лукка асп меронд.

Капитани мустаъфӣ ба сӯи саргаҳи дарё асп меронд. Дар нимароҳи қалъа ӯ аспро нигоҳ дошт ва бо диққат паттазорро аз назар гузаронида, якбора сари аспро ба пайраҳаи шафат, ки ба соҳили дарё мебурд, гардонд.

— Ҳоло ҳамааш барбод нарафтааст, лекин акнун ин гарон меафтад, — худ ба худ ғур-ғур кард вай. — Ин ба ман ҳазор доллар меафтад. Майлаш! Охир аз ин ирландии палид, ки зиндагии маро талх мегардонад, халос шудан лозим! Назар ба гуфтааш, ӯ пагоҳӣ барвақт роҳи кулбаашро пеш мегирад. Аникаш соати чанд ба роҳ мебаромада бошад? Барои бошандагони даштҳо, зоҳиран, сапедадам аз хоб хестан — ин аллакай бевақт аст. Ҳеҷ гап не, ҳоло вақт ҳаст! Койот аз Морис барвақттар мехезад! Воқеан, ин ҳамон роҳе, ки бо он ба шикори аспҳои ваҳшӣ рафта будем. Ӯ гуфта буд, ки дар Аламо кулба дорад. Дарёчае, ки мо дар соҳилаш сайр ташкил карда будем, ҳамин тавр номида мешавад. Зоҳиран, кулбаи вай ба он наздик. Эль-Койот бояд ҷояшро донад; ҳеҷ набошад роҳашро-ку медонад. Ҳаминаш

пешина
аз 509
навбатӣ