Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ман фақат ташаккур мегуфтам, ва ҳама аз гуноҳам мегузаштанд. Духтари тағои ман, аз оилаи аъёну ашроф мебошад, кадом-як дайдуи аспҷаллоб бошад ӯро фиреб додааст! Кӣ маро маҳкум мекард? Чин занад, ҳамин хел як фурсатро истифода накардам! Ва чӣ тавр ман ӯро аз даст додам! Акнун мазлум нест, ки боз кай чунин фурсат шуда мемонад!»
Колхаун ғарқи чунин фикру хаёл фосилае аз онҳо дуртар аз паси Луиза ва Генри, ки роҳи хонаро пеш гирифта буданд, мерафт.
— Наход гапи ин бача, ки аз даҳонаш бӯи шир меояд, ҷиддӣ бошад?— ба ҳавлӣ даромада худ ба худ ғур-ғур мекард вай.— Наход аз одаме, ки хоҳарашро аҳмак кардааст, узр пурсиданӣ бошад? Агар ин кораш ин қадар аламнок набуданд, ин хеле хандаовар мебуд. Аз садои гумбур-гумбуре, ки аз оғил меояд, дар ҳақиқат ӯ рафта узр хостанӣ аст... Гапам дуруст — ӯ ба аспаш зин мезанад.
Дари аспхона, чи тавре ки ин дар мулкҳои мексикой расм буд, ба ҳавлии сангфарш кушода мешуд. Дар нимроғ буд; вале ҳамон лаҳзае, ки Колхаун ба он менигарист, ким-ки онро аз дарун тела дода калон кушод. Дар остона шахсе намоён шуд, ки аспи зин кардаеро етал намуда мебаровард.
Он шахс дар сар кулоҳи тобистонӣ, дар китф бороний дошт. Колхаун дарҳол тағобачаи худ ва аспи сиёҳмушкии ӯро шинохт.
— Аҳмак! Пас, ту ӯро раҳо кардӣ! — вақте ки ҷавон наздик шуд, ғур-ғур карда гуфт капитан.— Корду таппончаамро ин ҷо деҳ! Ин бозичаҳо зеби дастони позуки ту не. Не. Чаро мувофиқи гуфтаи ман онҳоро ба кор набурдӣ? Ин масхарабозӣ барои чӣ?
— Ҳа, дар ҳақиқат ман масхарабозӣ кардам, — оромона гуфт плантатори ҷавон.— Инро ман медонам. Ман одами дурустро дағалона ва ноҳақ таҳқир кардам.
— «Одами дурустро таҳқир кардам»! Ҳа-ҳа-ҳа! Ақлатро хӯрди магар!
— Агар ман ба маслиҳати ту гӯш мекардам, Кассий, дар ҳақиқат девона мебудам. Хушбахтона, ман аз ҳад нагузаронидам. Вақте ба ҳар ҳол он қадар бемазагӣ кардам, ки комилан ба номи аблаҳ сазовор гардидаам; ва ба ҳар ҳол, умедворам, ки ӯ тезӣ кардани маро мефаҳмад ва аз гуноҳам мегузарад. Ба ҳар ҳол, ман як дақиқа вақтро нагузаронида, ба роҳ мебароям.
— Ба куҷо меравӣ?
— Аз паси Морис-мустангер, ки барои рафтори ношоистаам аз ӯ узр бипурсам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо