Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

набошад, — ҳатто аз мардуми авом бошад ҳам, ки ту ҳамин тавр мепиндорӣ, — ман ӯро дӯст надошта наметавонам!

— Луиза, росташро ба ман гӯй. Чӣ тавре ки бо худат гап мезада бошӣ, ҳамон тавр бо ман гап зан. Ҳар он чӣ ки ман дар ин ҷо бо чашми худам дидам, аз суханони ту дида, бештар фаҳмидам, ки ту ӯро дӯст медорӣ. Гӯй, ки ӯ аз меҳру муҳаббати зудбоваронаи ту сӯиистеъмол накардааст?

— Не! Не! Не! Ба ҷонат қасам! Ӯ аз ҳад зиёд наҷиб аст.
Чаро ту, Генри, ӯро ноҳақ таҳқир кардӣ?

— Ман ӯро таҳқир кардам?
— Ҳа, Генри, дағалона, беадолона.

— Ман тайёрам, ки аз ӯ узр хоҳам. Ман ӯро даръёб карда, барои тундхӯнам аз вай узр мепурсам. Агар, апа, рост гӯй, ман бояд ин корро бикунам! Ман фавран ба ӯ расида мегирам. Охир, ту медонӣ, ки ба як дидан ӯ ба ман маъқул шуда буд. Ҳоло, Луизаи азиз, ман туро то хона гусел мекунам. Ба хонаат раву хоб кун. Ман бошам, фавран аз пасаш ба меҳмонхона меравам, шояд, ҳоло дар ҳамон ҷо бошад. Барои дағалиям то аз вай узр нахоҳам, дилам ором намегирад.

Генри дар роҳи хона эҳтиёткорона аз бағали хоҳараш дошта мебурд; ӯ аз кардааш пушаймон буд ва аз қаҳру ғазабаш осоре намонда буд. Ҷавон бо ҳамин мақсад ба асиенда мешитобид, ки дарҳол ба дунболи мустангер равон шуда, узр хоҳад, ки дар сари ғазаб бегуноҳ ӯро ранҷонид.

Чун додару хоҳар ба хона даромаданд, шахси сеюм, ки то ин вақт пинҳонӣ аз байни буттаҳо меомад, рост хест ва аз зинапояи сангӣ аз паси онҳо равон шуд. Ӯ аммабачаи онҳо Қассий Колхаун буд.

Ӯ ҳам қасд кард, ки аз паси мустангер равад.

Боби XXXV

СОҲИБХОНАИ МЕҲМОНГӮРЕЗ

«Тарсончаки худозада! Аблаҳ! Худи ман ҳам аҳмақ, ки ба
вай умед бастам. Пешакӣ бояд мефаҳмидам, ки вай ин кучукбачаро ба гап медарорад ва ба он нобакор имкон медиҳад, ки
гурехта ҷон ба саломат барад. Ман худам метавонистам аз паси дарахт истода ӯро ба нишон гирифта, калламуш барин парронда кушам ва ҳеҷ хатар маро таҳдид намекард, ҳатто ба шаъну шарафам осебе намерасид! Вудлитаго барои ин корам ба

пешина
аз 509
навбатӣ