Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

хатари кушта гардидани хоҳараш ҳаст; аз ин тарсида ҷавон ба зер кардани куланги таппонча таҳқир менамуд.

Ин кашолдиҳӣ ҷони ҳарсеи онҳоро раҳонид. Креолдухтари ҷавон, зуд вазъиятро баркаш намуда, якбора маҳбубашро сар дода аз дасти додараш дошт. Луиза медонист, ки Морис намепарронад, фақат Генриро нигоҳ доштан лозим буд.

— Гурез, гурез! — ба мустангер фарёд зад ӯ ва кӯшиш мекард додарашро, ки қаҳру ғазабаш ба авҷи аъло расида буд, нигоҳ дорад, — Генри ғафлату гумроҳ мебошад, ман ҳамаашро ба ӯ фаҳмонида медиҳам. Тезтар бош, Морис, зудтар ҷонатро халос кун!

— Генри Пойндекстер, — гуфт ҷавони ирландӣ, ки аллакай ба гапи Луиза сари итоат ҳам карданӣ буд, — шумо беҳуда нафаҳмида маро разили нобакор мешуморед. Вақт диҳед, ман исбот мекунам, ки хоҳари шумо назар ба падараш, додараш ё бачаи аммаш дили маро дурусттар фаҳмида будааст. Агар пас аз шаш моҳ шумо эътимод ҳосил накунед, ки ман сазовори боварии ӯ, ишқу муҳаббати ӯ мебошам, метавонед маро баробари аввалин вохӯрӣ ҳамчун койоти тарсончаке, ки аз рӯ ба рӯятон баромадааст, парронда кушед. Ҳоло дар паноҳи Худо!

Генри ба суханони мустангер гӯш карда, барои аз дасти хоҳараш раҳо намудан зӯру талошро камтар мекард — эҳтимол мерафт, ки дастони хоҳараш аз дастони вай дида пуркувваттар буданд.

Саъю кӯшиши вай барои аз чанголи хоҳараш халос кардани торафт камтар мешуд ва оқибат ҳамон вақте қатъ гардид, ки аз дарёча садои шалпоси об шунида шуд ва ин садо аз он шаҳодат медод, ки шахси осоиши Каса-дель-Корворо халалдор кардагӣ ба дашти ёбӣ, ки ватани дуюмаш шудааст, бармегардад.

Бори нахуст мустангер бадин тариқ аз мулоқот бармегашт. Ду бори аввал ӯ бо заврақ аз дарё гузашта буд ва баъд дастони нозуки зан бо ёрии лассо, ки ҳамроҳи мустанг ӯ тӯҳфа шуда буд, киштиичаи хурдакакро ба ҷои исти доимиаш мекашиданд.

— Додарам, нисбат ба вай беинсофӣ кардӣ! Ба гапам бовар кун, ин қорат аз рӯи инсоф не! — ҳамин ки мустангер аз назар ғоиб гардид, фарёд зад Луиза. — Оҳ, азизам, Генри, агар медонистӣ ки ӯ чӣ хел ҷавони наҷиб аст! Ӯ ба қасди озурдани ман ҳеҷ гоҳ нияти бад накардааст; навакак ӯ ба ман гуфт, ки барои пешгирии ғайбати мардум чӣ кор кардани аст. Додарам, ба гапам бовар кун, ки ӯ одами одамшаванда аст! Вале, ҳар кас ки

Чавон ба зер кардани куланги таппонча таҳқир менамуд.

пешина
аз 509
навбатӣ