Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Гапат дуруст — зан. Ба фикрат ӯ кист?
— Намедонам. Кӣ бошад?
— Дар паҳлӯяш андоми дигари тирае истодааст.
— Ваяш гӯё мард... Ҳа, мард.
— Ба фикрат, вай кист?
— Аз куҷо донам, Каш? Ту медонӣ?
— Ҳа, медонам. Он мард — Морис-мустангер.
— Зан чӣ?
— Луиза, хоҳари ту, дар канори вай.
Гӯё ҷавон ба дилаш тир хӯрда бошад, як калавид, баъд ба пеш тохт.
— Ист! — ӯро нигоҳ дошта гуфт Қолҳаун.— Фаромӯш накун, ки ту яроқ надорӣ, мустангер бошад мусаллаҳ аст. Ана ин ҳар ду чизро бигир,— корд ва таппончаашро ба ӯ дода ба гапаш давом намуд ӯ.— Ман хостам худам онҳоро ба кор барам, вале фикр кардам, ки нағзаш агар ҳамчун додар ва пуштибони хоҳарат ин корро ту кунӣ, нағз мешавад. Ба пеш, Генри! Лекин эҳтиёт шав, ки тир ба хоҳарат нарасад! Поида-поида рав. Баробари ҷудо шуданашон, ба дили мустангер нишон гирифта паррон. Агар ҳамаи ин шаш тир қорашро тамоман накунад, он гоҳ синаашро бо корд даррон! Ман дар ҳамин наздикӣ менстам ва агар лозим шавад, ба ёрӣ рафта мерасам. Ба пеш! Поида-поида рав ва он мурдорро ба ҷаҳаннам фирист!
Генри Пойидекстер ба ин гуна панду насиҳатҳои разилона мӯҳтоҷ набуд. Ҳар он чи ки Қолҳаун гуфта буд, ҳамаашро фаромӯш карда бо шаст ба пеш тохт ва пас аз якчанд сония ба назди хоҳараш расид:
— Палиди мурдор! — дар назди мустангер қарор гирифта гуфт ӯ.— Хоҳарамро аз оғӯши ҳаромат сар деҳ!.. Луиза, як тараф ист ва мон ӯро қурбони як тир кунам! Як тараф ист, хоҳарам, як тараф ист!
Агар Луиза ба гапи додараш гӯш мекард, Морис Чералд дар як миҷжа барҳам задан, эҳтимол, аз дунё чашм мепӯшид: фақат дар ҳамон сурат ӯ аз марг наҷот ёфта метавонист, ки агар ба Генри даст мебардошт; бо он маҳорате ки мустангер таппончаи худро кор фармуда метавонист, ӯ ба аввалин шуда тир холӣ кардан фурсат меёфт.
Морис-мустангер ба ҷои он ки таппончаро аз ғилоф барорад ё умуман чорае сохта худро мудофия кунад, саъй намуд худро аз оғӯши духтар, ки ҳамоно ба вай чафс шуда менстод, раҳо созад,— ӯ танҳо аз ҷони Луиза дар ҳарос буд.
Генри мефаҳмид, ки агар ба тарафи мустангер тир холӣ кунад,

пешина
аз 509
навбатӣ