Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Даричаҳои чӯбини паси тиреза кушода буданд ва шуоъҳои моҳтоб аз панҷара даромада, ба қадри кофӣ хонаро равшан мекарданд.
Чиҳози оддии хона: дастшӯяк, столча, якчанд курсӣ ва кати пашшахона кашидагиро, ки он аз хомӯшакҳои шилкин муҳофизат мекард, ба хубӣ фарқ кардан мумкин буд.
Ҷавон ба хоби фароғат рафта буд, ки кайфу роҳати ин хел хобро танҳо одамони поктинат мебинанд. Сари зебои вай осуда дар рӯйи болишт мехобид ва мӯйи анбӯҳи чингилаи ҷилодораш бетартибона парешон буд. Колҳаун лаби пашшахонаро бардошт ва шуои моҳ ба чеҳраи ҷавон афтида, тарҳи рӯйи далер ва наҷибашро равшан кард. Ин чеҳра ба чеҳраи ба болояш ҳам гардидаи аммабачааш, ки ӯ низ зебо, вале шӯру ҳарорати разилона мӯҳру нишонаи худро ба он гузошта буд, асло монанд набуд!
— Хез Генри, хез! — китфи Генриро ларзонда, тагобачаашро бедор мекард Колҳаун.
— Ҳа? Қаш, ин туӣ? Чӣ гап шуд? Ҳиндуҳо-ку не?
— Бадтар, хеле бадтар! Зуд бош! Хеста нигоҳ кун... Зудтар, набошад дер мешавад! Хеста ба нангу шармандагии худат, ба нангу шармандагии оилаат нигар! Зудтар хез, набошад номи Поиндекстерҳо дар сартосари Техас хандахариш мегардад.
Пас аз ин гуна огоҳкунӣ, аз аъзоёни оилаи Поиндекстерҳо ҳар кас ки мешуд, албатта хобидан намехост. Ҷавон зуд аз ҷо бархост ва бо тахайюр ба аммабачааш нигарист.
— Вақтро бо либоспӯшӣ нагузарон! — ошуфтаҷолона, гуфт Колҳаун.— Воқеан, панталонатро¹ пӯш — кифоя. Дигар сару либосро мон — ҳозир вақти либоспӯшӣ нест! Зудтар! Зудтар!
Пас аз як сония Генри либоси муқаррарии худ — панталон ва блузаи галстукаш ресмониро пӯшид ва аз паси бачаи аммааш ба боғ шитофта, ҳамоно намефаҳмид, ки чаро вай ин гуна бетакаллуфона ӯро аз хоб бедор кард.
— Чӣ воқеа рӯй дод, Кассий? — пурсид ӯ, вақте ки Колҳаун бо ишора ба вай фаҳмонданӣ шуд, ки истодан лозим.— Гӯй, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад?
— Худат бин... Наздиктари ман биё. Ана аз ин холигии байни дарахтон ба ҷои одатан заврақат меистодагӣ нигар. Дар он ҷо ягон чиз мебинӣ?
— Ким-чи чизи сафед... Мисли ин ки куртаи занона... Магар зан аст?
¹ Панталон — шалвори початанг.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо