Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кашад; ва дар авҷи ғазаби бадкирдорона бошитоб аз асотея фуромад ва аз рӯи ҳавлӣ гузашта дохили боғ шуд.

Нохост заъфу беқувватӣ вуҷудашро фаро гирифт — вақте ки ӯ аз зинапояи сангӣ мефуромад, дар пойҳояш дармон намонд. Вақти бошитоб аз пайраҳаҳои боғ рафтанаш ва ҳангоме ки ноаён дар паси дарахтон руст шуда ба манзарае, ки мисли ханҷари адл ба дилаш халид, муоина менамуд, ҳамоно пойҳояш меларзиданд.

Ӯ қасамхӯриҳои онҳо, изҳори муҳаббат кардани онҳо, қарори мустангерро, ки фардо сапедадам ба сафар мебарояд, қавлу ваъдаи ӯро, ки ба зудӣ бармегардад, ҳам орзуву хаёлҳои нимгуфтаи ӯро доир ба оянда мешунид. Бо дарду алам мешунид, ки чӣ тавр Луиза мустангерро аз роҳ гардонданӣ мешуд ва чӣ тавр, оқибат, Морис ӯро ба зарурати ин сафар розӣ кард.

Ӯ шоҳиди бӯсу канори навозишкоронаи онҳо буд, ки ин Колхаунро маҷбур сохт бо қаҳру ғазаб ба реги пайраҳа пой кӯбад ва аз ин кораш чирчиракҳо тарсида хомӯш гардиданд.

Чаро ҳамон лаҳза ӯ худро ба пеш наафганд ва ба мулоқоти бароиш азиятовар хотима нагузошт, чаро кордро ба дили рақибаш фурӯ нанишонд ва ӯро дар пеши худаш ва маҳбубааш ба хоку хун оғӯшта накард? Чаро аз аввал ӯ ҳамин корро накард? Магар боз ягон хел далелу исбот лозим буд? Оё ҳамин ваҷҳ шуда наметавонист, ки дар равшании моҳ ҷило додани таппончаи шаштираи Колтро, ки ба миёни мустангер ҳамоил буд, дид?

Чӣ ки набошад, сарфи назар аз қасоталаб буданаш, на фақат ким-чӣ пеши роҳи капитанро гирифт, балки маҷбур сохт, ки дар лаҳзаи бароиш бағоят азиятовар — лаҳзаи охирини бӯсу канори он ду дилдода гашта равад; ӯ ба хона шитофта, ошиқонро ғофил гузошт, ки аз пасашон мепонданд.

БОБИ XXXIV

ҚАСДИ «ҶАВОНМАРДОНА»

Қассий Колхаун ба куҷо шитофт?
Албатта, на ба ҳуҷраи худаш. Одаме, ки аз ранҷу алам дилашро мехӯрд, магар хобида метавонист!
Ӯ ба ҳуҷраи писари тагояш, Генри Пойндекстер мешитофт.
Колхаун фурсатро аз даст надода, аз роҳравҳои качу кидеб тез-тез қадам гузошта мерафт, ки шамъро гирад.
Зимнан, шамъ ҳам лозим нашуд.

пешина
аз 509
навбатӣ