Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Аз ин сарсаригардиҳо мақсадаш чӣ бошад?»
Дар ҳолате, ки ҳаяҷону изтироби капитан беш аз пеш меафзуд, маротибаи даҳум ин саволро ба худ медод, вале гӯё касе ба об ғӯта зада бошад, нохост садои шалпосро шунид. Садо баланд набуда ҳам, хеле возеҳ буд.

— Садои белзанӣ... — ғур-ғур кард ӯ. — Ба авлиҷони пок қасам, ки вай завракро ба об кашид ва рост аз дарё ба боғ мегузарад! Охир дар ин ҷо ба вай чӣ лозим бошад?

Колҳаун дигар дар болои бом истода майна об кардан нахоста, қарор дод ки оҳиста поён фурояд ва мардҳоро бедор карда ҳамроҳ ба давргирӣ кардани ӯ раванд.

Ӯ акнун дасташро аз рӯи девор бардошта, рафтани буд, ки садои наве ба гӯшаш расид ва ин садо ӯро маҷбур сохт, ки аз болои девор ҳам шуда ба боғ нигарад. Ин садо ҳаргиз ба садои белзанӣ монанд набуд ва аз сӯи дарё намеомад. Садои ғичиррос шунида шуд, ки на ба садои ғичирроси ошиқ-маъшуқ монанд буд, ки ба кушодашавии тиреза. Ғичиррос аз поин, қариб аз зери ҷои Колҳаун истодагӣ баланд гардид.

Чун аз болои девор ҳам шуд, ки чӣ будани гапро фаҳмад, мурда барин ранги рӯяш сап-сафед канд ва дилаш дардмандона фишурда шуд.

Тирезаи ҳуҷраи хоби духтари тагояш Луиза кушода буд. Ӯ ин тирезаро медонист. Духтар аллакай дар рӯи погундаҳои зинаи боғ меистод ва, зоҳиран, тараддуди фуромадан дошт...

Пироҳани сафеди чин-чини васеъ ба бар, рӯймоли на чандон калон ба сар, ӯ олиҳаи соҳибҷамоли шабро мемонист, ки моҳ ба вай нури нуқрафом пӯшонидааст.

Колҳаун дарҳол фаҳмид, ки ба саҳни ҳавлӣ баромадани Луиза бевосита ба шахсе алоқаманд аст, ки аз дарё мегузашт.

Он шахс кӣ бошад? Морис-мустангер набуда кӣ мешуд? Мулоқоти махфӣ! Дар ин ҳеҷ ҷойи шубҳа набуд — куртасафед бесадо дар боғ намудор шуд ва дар сояи дарахтони соҳил ғоиб гардид.

Колҳаун, ки гӯё баркаш зада буд, дар асотея ким-чи хел гичу гаранг меистод. Фақат пас аз он ки куртасафед дар боғ нопадид гардид ва аз паси дарахтон садои паст-паст гапзанӣ шунида шуд, ӯ ба худ омада, қарор дод ки амал кардан лозим.

Вай акнун — хусусан ҳозир, ҳеҷ касро бедор кардани набуд. Ӯ бояд аввалин шуда шоҳиди шармандагии духтари тагояш гардад — ва он гоҳ... он гоҳ...

Дар ин лаҳза ӯ қудрате надошт, ки ягон нақшаи муайяни

пешина
аз 509
навбатӣ