Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ савораеро, ки дар соҳили муқобили дарё навакак аз чакалакзор баромада, дар ҳамвории васеъ роҳашро давом медод, дида ба изтироб наафтид. Ин роҳ ба вай нағз шинос буд. Колҳаун қарор дод, ки кадом як роҳгузар мехоҳад аз салқунии шаб баҳраманд шавад, чунин шаб ҳатто шахси хаставу кӯфтаро роҳиби худ карда метавонист, ки аз баҳри дамгирӣ гузарад. Он савор, шояд, плантатори ҳамсоя бошад, ки аз посёлка ба хона бармегашт ва дар он ҷо ба майхонаи меҳмонхона даромада, як-ду соат зиёдтар нишаста буд.

Рӯз мебуд, шояд, вай савораро мешинохт, вале дар равшании моҳ фақат аспсавор будани ӯро фарқ карда тавонист.

Капитан чашм наканда беихтиёр ба ӯ менигарист, чи тавре ки гоҳо ба хаёли чизе рафта, ба тарошаҳо бурдани мавҷҳо менигаранд.

Фақат ҳамон вақте, ки савора ба чакалакзор баробар шуду тоб хӯрда ба он даромад, ин кори вай диққати Колҳаунро ба худ ҷалб намуд.

— Чаро ин тавр кард? — зуд пасмондаи сигорро партофта гур-гуркунон гуфт ӯ.— Бало занад! Ана аз асп фуромад! — вақте ки марди ношинос дар ялангии наздиктарини чакалакзор ҳамроҳи асп намоён шуд, ба гап давом намуд вай.— Ба ин сӯ, рост ба ҳамгашти дарё меояд... Аз ҷарӣ чунон тез фуромад, ки зоҳиран, вай роҳро нағз медонад. Наход ба боғ даромадани бошад? Вале чӣ тавр!.. ШИНОКУНОН? Метарсам, ки ин кирои обгузарӣ намекунад. Мабодо дузд набошад?

Ин аввалин фарзу тахмини Колҳаун буд, вале баробари ба майнааш омадани ин фикр дарҳол онро рад кард. Рости гап, дар мамлакатҳои испану американӣ ҳатто гадоён савора мегарданд, ҳол он ки дузд инро ба худ раво дида метавонист.

Ва ба ҳар ҳол аз ақл дур менамуд, ки одам нисфи шаб савори асп омада мева ё сабзавот дуздад.

«Вале ӯ дар ин ҷо чӣ мекобад?»

Худи ҳамин ки вай аспоро дар чакалакзор монда ва ба андозае, ки дар равшании ҳираи моҳ чашм мегузашт, хеле эҳтиёткорона пиёда ба лаби дарё фуромад — касро маҷбур месохт ба покии қасду нияти вай шубҳа кунад ва яқин аз кадом як нақшаи ҷинояткорона огоҳӣ медод.

Ин чӣ хел нақша бошад?

Он шахс ба ҷарӣ фуромада ғоиб гардид ва Колҳаун дигар ӯро аз асояш дида наметавонист. Паттазоре, ки соҳили муқобилро баҳя кашида буд, марди ношиносро аз назар пинҳон кард.

пешина
аз 509
навбатӣ