Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ким-чи гуна гумону шубҳаи баённашаванда пайдо гардида, ӯ маҷбур сохта буд, ки аз ҳуҷра берун омада ба боғ рафта бубинад, ки ҳама чиз хубу соз аст ё не?
Бо таъбири дигар, оё ошиқонро тасодуфан дид ё аз рӯи нақшан пешакӣ кашида амал мекард?
Дурусташ якум — сирф тасодуф, ё ҳаққаш, тасодуф ҳамроҳи маҳтобшаб ба капитан ёрӣ доданд, сирро, ки акнун мусли оташи ҷаҳаннам магзи устухони ӯро месӯзонд, ошкор кунад.
Кассий Колхаун нисфи шаб дар асотея, ки сабаби ба он ҷо баромаданашро худаш намедонист, истода ва ҳавои шабро, ки аз наҳҳати гули цереус муаттар буд, бо дуди сигораш заҳролуд карда, зоҳиран, ҳеҷ чиз хотири ӯро парешон намедошт. Чароҳатҳои тири Мустангер аллакай сиҳат шуда буданд; рости гап, фикри мағлубият ҳоло ҳам ӯро азоб медод, аммо алами ёддоштҳоро то як андоза умеди қасосгирӣ паст мекард, ки барои ба амал овардани он аллакай қадамҳои аввалин гузошта шуда буданд.
Колхаун мусли падари Луиза, хеле хурсанд буд, ки ӯ аз гардишҳои дури савораи худ даст кашид, — маҳз бо маслиҳати вай Пойндекстер танҳо гардиш кардани духтарашро манъ намуд. Ӯ мусли падари Луиза гумонбар намешуд, ки чӣ боиси саргармии камонпаронии вай гардидааст ва ба ин ҳамчун як машғулияти холисона нигоҳ мекард. Колхаун ҳатто худро бо умеде тасалло додан гирифт, ки бепарвоии Луиза ба тавре ки билохира аз ҷониби вай сохтакорӣ ё худ самараи хаёли хом шуданаш мумкин. Вақтҳои охир Луиза бо вай чандон густоҳона муносибат намекард ва Кассий розӣ буд дар тахмину гумонҳои бадрашконаи худ шубҳа кунад.
То ҳол вай ҳеҷ гуна исботе надошт, ки Луиза ба ҷавони ирландӣ ошиқ аст; ва азбаски вақтҳои охир воқеае рӯй надод, ки боиси гумону шубҳаҳои нав гардад, Колхаун қарор дод, ки ин фақат изтироби нодуруст будааст.
Колхаун, ки ин фикрҳо хотирашро ҷамъ гардонида буданд, ба асотея баромад; ӯ бепарвоёна сигор гиронда, фориғболона ба кашидани он шурӯъ намуд ва ин ҳеҷ гумону шубҳае ба амал намеовард, ки ӯ дар ин бевақтии шаб ба ин ҷо бо ягон мақсад омада бошад. Шояд, ӯ хостааст, ки аз ҳуҷраи дими худ берун рафта, аз ҳаво тоза нафас гирад ё, шояд, аз тамошои моҳи оламтоб лаззат барад, агарчи чунин майлу хоҳиши хаёлпарастӣ дар хулқу атвораш набуд.
Ҳар чи ки набошад, ӯ сигор гиронд ва рӯ рӯ сӯи дарё гар-донда ба девораи асотея такя кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо