Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Магар ҳоҷати пурсиданат аст? Ту медонӣ, ки дили бечораи маро рабудай ва он ҳеҷ гоҳ аз қайди ин асорат халосӣ надорад. Ба ман ханда накун, Морис, — ман як умр канизи камтарини туам!
Аз нав бӯсу канор ва қасамхӯриҳои ошиқона.

Садои чир-чири малаҳҳо дар миёни алафзорони хомӯш гардид, аз нӯги сафедор дигар садои фарҳёди ҷавобак шунида намешуд, ва козодой дар равнаши моҳ боз ҳам баландтар парвоз кард; ба назар чунин менамуд, ки барои халал нарасонидани ошиқони дилдода дар табиат ҳама ором гардид...

Вале не, сабаби фаро расидани хомӯшӣ ин набуд: аз роҳи шағалрехта садои помонӣ шунида шуд ва сарфи назар аз он ки қадамҳо сабук-сабук гузошта шуда ва қариб бесадо буданд, фақат дар сурати гӯши хеле тез доштан садои онҳоро шунидан мумкин буд, сабаби хомӯш гардидани овозҳои шабона ҳам маҳз аз ҳамин рӯ буд.

Аммо ошиқон ҳеҷ чизро намешуниданд. Онҳо сояи тираи одамро — ё, шояд, иблисро, ки дар байни гулҳо лаҷжида, гоҳ дар назди муҷАССАМА бозмеистод, гоҳ дар миёни бутта руст мешуд, намедиданд, ва, оқибат, он соя дар паси дарахт — тахмини даҳ қадам дуртар аз ҳамон ҷое, ки онҳо аз лабони ҳамдигар бӯсаҳои обдор мегирифтанд, истод. Дар дақиқаҳои саодатманд, вақте ки дар гирду атроф ҳама сокит шудааст, онҳо ҳаргиз гумон намекарданд, ки ин хомӯшӣ ба шунидани розҳои ошиқонаи онҳо мадад мерасонад ва моҳи хиёнатпеша ҳар як ҳаракати онҳоро ошкор месозад.

Шахсе, ки мисли сояи сиёҳ дар паси дарахт руст мешуд, ҳар як сухан, ҳатто оҳу пичирросзаниҳои ошиқонаи онҳоро мешунид: дар равшании ширмонанди моҳ ӯ хурдтарин ҳаракатҳои онҳоро барҷаста медид.

Оё гуфтан ҳочат аст, ки ин ҷосуси бадкирдор кӣ буд? Худ ба худ номи Кассий Колхаун ба забон меояд.
Ӯ худаш буд.

Боби XXXIII

КӮШФИЁТИ ПУРАЗИЯТ

Чӣ тавр шуд, ки аммабачаи Луиза Пойндекстер дар ин бевақтии шаб, ё худ, дурусттараш, дар ин пагоҳии барвақт бедор буд? Оё вай аз ин мулоқот огоҳ карда шуда буд ё дар дилаш

пешина
аз 509
навбатӣ