Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сабабашро гуфта наметавонам. Баъзан фикрҳое ба дилам меоянд, ки агар иқрор мешудам, аз шарм мемурдам.

— Натарс, ҳар чӣ ки дар дил дорӣ, ба ман гӯй. Ман гапи аз ту пинҳон мекардагӣ надорам. Ҳӯш, гап зан, ҷони ман!

— Ту инро мехоҳӣ, Морис?

— Албатта, мехоҳам. Боварӣ дорам, ки тамоми дудилагиҳои туро бартараф мекунам. Охир агар ягон кас аз мулоқотҳои мо бохабар шавад, ба он ҳар хел таъбири бад медиҳад. Бинобар ҳамин ман ба Аламо меравам.

— Барон дар он чӣ мондан?

— Фақат як-ду рӯза. Танҳо барои ҳамин ки чизу чораамро ғундорам ва бо дашт охирин бор хайрухуш кунам.

— Ҳамту?

— Зоҳиран, ту тааҷҷуб мекунӣ?

— Не! Фақат шак дорам. Ман мақсади туро намефаҳмам, ва, шояд, ҳеҷ гоҳ ин ба ман муяссар нагардад.

— Вале охир чӣ ҷои намефаҳмидагӣ дорад. Ман ба қарори муҳимме омадаам ва медонам, ки вақте онро ба ту гӯям, ту маро мебахшӣ.

— Туро бубахшам, Морис? Барои чӣ?

— Барои он ки ман сирамро ба ту накушодам. Ман он каси ту фикр мекардагӣ нестам...

— Вале охир ҳамон хеле ҳастӣ, ки ба назарам менамой: начиб, далер, зебо, одами ғайриоддӣ. Оҳ Морис! Агар медонистӣ, ки ту чӣ тавр барои ман азиз ҳастӣ ва ман чӣ тавр туро дӯст медорам!

— Ҷопакам, аз ман зиёдтар не, вале ба хотири бахту саодатамон мо бояд ба ҷудоӣ тан диҳем?

— Ба ҷудоӣ?

— Ҳа, дилорои ман. Вале ин ҷудоии мо дуру дароз давом нахоҳад кард.

— Чанд вақт?

— Ба муддате, ки пароход уқёнуси Атлантикро дусара шино кунад.

— Як умр-ку! Вале барои чӣ?

— Ба ватанам — ба Ирландия, ба мамлакате, ки худат медонӣ дар ин ҷо ба он нафрат доранд, ҳатман сафар карданам лозим. Ҳамааш шуда бист соат пеш аз он ҷо мактуби муҳиме гирифтам. Ва ман шитоби ба он ҷо рафтан дорам ва умедворам, ки баробари баргаштан ба падари мағрури ту исбот менамоям, ки мустангерӣ камбағал, ки дили духтари ӯро рабудааст... Оё ман онро рабудаам, Луиза?

пешина
аз 509
навбатӣ