Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
қиматбаҳо гузаронида шуда буд, чорчӯбаи кушодаро, ки моҳ ба он нур мепошид, нигоҳ медошт; пас аз чанд дақиқа пайкари мавзуни духтар дар зинапояе, ки ба боғ мефуромад, пайдо гардид.
Ин Луиза Пойндекстер буд.
Ӯ чанд сония истода гӯш кард. Садои шалаппоси бел? Оё ин ба назараш намуда бошад? Ҳаворо садои чир-чири чирчиракҳо пур мекард ва ба осонӣ саҳв кардан мумкин буд. Зимнан, ин аҳамият надошт. Соати таъиншуда фаро расид, ӯ бошад ба ҷумлаи он касоне тааллуқ надошт, ки аз онҳо дақиқӣ талаб карда мешавад ва, ғайр аз ин, навакак расо ду соат вақтро, ки ба назараш муддати мадид менамуд, дар интизорӣ гузаронида буд.
Луиза хомӯшона аз зинапояи сангӣ фуромада ноаён ба боғ ворид гардид, бо эҳтиёт аз миёни буттазор, аз назди муҷассама гузашт ва оқибат худро дар таги сафедор дид. Дар ин ҷо ӯро оғӯши мустангер пешвоз гирифт.
Дақиқаҳои пурсаодат тез мегузаранд ва лаҳзаи фироқ зуд фаро мерасад.
— Азизам, фардо шабона боз вомехӯрем? Фардо шаб?
— Агар метавонистам, ба ту мегуфтам: ҳа ҳам фардо, ҳам пасфардо, боз ва боз вомехӯрем, азизи ман!
— Ҳӯш, сабабаш чӣ? Чаро инро гуфта наметавонӣ?
— Фардо пагоҳӣ ман ба Аламо меравам.
— Ҳамту! Магар ин зарур аст?
Савол ҳамчун сарзаниш беихтиёрона садо дод. Ҳар бор, вақте ки Луиза зикри кулбаи хилвати дар Аламо бударо мешунид, дар дилаш ким-чӣ гуна эҳсоси ногувор бедор мешуд. Лек барои чӣ? Ӯро дар он ҷо меҳмоннавозона пешвоз гирифта буданд.
Мисли ин ки ин боздид метавонист яке аз ёддоштҳои дилписандтарини ҳаёти ӯ мегардид. Вале ин ҳамин тавр набуд.
— Дар ҳақиқат ба он ҷо рафтанам зарур.
— Зарур? Туро дар он ҷо нигаронанд?
— Фақат хизматгорам Фелим. Умедворам, ки бо вай ҳеҷ ҳодиса рӯй надодааст. Ман ӯро даҳ рӯз пеш, ҳанӯз то овозаи ҳиндуҳо, ба он ҷо фиристода будам.
— Фақат Фелим, дигар ҳеҷ кас не? Рост мегӯй, Морис? Азизам, маро фириб надеҳ! Як худаш, гуфтӣ?
— Чаро инро мепурсӣ, Луиза?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо