Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ӯ таъхир накарда, ба пайраҳаи морпеч, вале, зоҳиран, ба вай нағз шиносо чолокона ба лаби об фуромад.
Пас аз як дақиқа ӯ ба соҳил, айнан ба ҳамон ҷое расид, ки дар сояи сафедори калон дар рӯи об қаиқчаи хурдакак алвонҷ мехӯрд.
Он шахс чанд гоҳ бодиққат ба паттазори соҳили муқобил нигоҳ карда, зоҳиран, санҷиданӣ мешуд, ки дар он ҷо ягон кас пинҳон нашуда бошад.
Чун боварӣ ҳосил кард, ки дар паттазор ҳеҷ кас нест, лассаро гирифту якчанд маротиба чарх занонд ва аз дарё он тараф партофт.
Ҳалқа рафта ба мехчаи нӯги қаиқ афтид ва он мард қаиқро ба сӯи худ кашид; ӯ ҷахида ба қаиқ савор шуд, белҳоро, ки дар таги он мехобиданд, ба даст гирифта, ба хаччаҳо насб кард ва ба он канор равон шуда, қаиқро ба ҷои пештарааш расонд.
Ӯ ба соҳил фуромада, кашида қаиқро ба рӯи рег баровард, ки онро ҷараёни об набарад. Пас меҳмони шабонаи Каса-дель-Корво пинҳои худро ба сояи сафедор кашид; ба назар чунин менамуд, ки ӯ ё ишораи шартиро мунтазир буд, ё омадани касеро, ки пешакӣ мулоқот таъин карда буд.
Агар ягон кас ӯро дар ҳамин лаҳза медид, ӯро дузди шабрав мепиндошт, ки Каса-дель-Корворо ғорат карданӣ аст. Вале, садои пичирросзании марди ношиносро шунида, ӯ мефаҳмид, ки тамоми гумону шубҳаҳои вай нодуруст мебошанд. Рости гап, ӯ дафинаеро орзу мекард, ки дар паси деворҳои хона ниҳон буд, вале ин на пул буд, ки на ҷавоҳирот, на нуқраи меросӣ - ин бонуи хона буд.
Хоҷати шарҳу баён нест, ки шахси аспашро дар чакалакзор гузошта ва бо муваффақият аз дарё гузаштагӣ Морис-мустангер буд.
Боби XXXII
НУР ВА СОЯ
Морис дар таги сафедор бисёр мунтазир нашуд. Дар ҳамон лаҳзае, ки ӯ ҷаста ба қаиқ савор шуд, яке аз тирезаҳои асиенда, ки рӯ ба боғ буд, оҳистакак кушода шуд ва муддате чанд пӯшида нашуд, гӯё ким-ки баромадан мехост ва дудила буд, ки роҳ кушода аст ё не.
Дасти хурдакаки сап-сафед, ки ба ангуштони борикаш ангуштаринҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо