Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

истодагӣ бештар диққаташро ҷалб мекард. Ӯ ба ҷои сояноки пайраҳа наздик шуд ва мисли он ду савораи аввала дар торикӣ ғоиб гардид.

Як соат гузашт, садои беороми хониши баробари овозҳои шабона дар буттазор, ки ду маротиба позании асп ва як маротиба қадамнонии одам онро бурида буд, қатъ нагардида танин меандохт.

Вале инак садоҳои бешагӣ аз нав хомӯш гаштанд; ин дафъа онҳо баробар ва дуру дароз қатъ гардиданд. Садое, ки онҳоро ба хомӯш гаржидан маҷбур сохта буд, на ба пойкӯбии асп монанд буд, на ба шарфаи помонии одам, ки аз болои алафи мулоим роҳ меравад. Ин садои пасти тири аслиҳа буд.

Ва чуноне, ки бо ишораи чӯбчаи дирижёрӣ навозиши оркестр фавран қатъ мегардад, ҳамчунин сарояндагони дашт низ ин садои баландро, ки махсусан онҳоро ба ваҳм андохта буд, шунида баробар хомӯш гаштанд.

Садои мияв-мияви гурбаи ваҳшӣ дар байни паттазор қатъ гардид, уллоскашии койот, ки дар канори беша дар такопу буд, ба гӯш нарасид, ҳатто паланг, ки аз ягон даррандаи бешагӣ наметарсид, низ аз садои тир ҳаросид ва ғурросзаннашро бас кард.

Вале пас аз садои тир на нолиши одами маҷрӯҳ шунида шуд, на ғурроси ҳайвони тирхӯрда ва паланг далер шуда, аз нав бошандагони бешаро бо ғурриши ҳиррии худ, ба воҳима андохт.

Дӯстон ва душманон — паррандагон, даррандагон, ҳашаротҳо, хазандагон, — ба садои наъраи вай ки аз дур шунида мешуд, аҳамият надода, аз нав ба концерти гӯшкаркунандаи худ шурӯъ намуданд. Ва дере нагузашта дар паттазор ғалоғулаи муқаррарӣ барқарор гардид ва барои шунидани сухани якдигар ҳатто паҳлу ба паҳлу истода фарёд задан лозим буд.

Боби XXXVII

БЕДАРАҚШАВИИ ПУРАСРОР

Нокуси Қаса-дель-Корво ду маротиба занг зада бошандагони онро ба ношто даъват кард, пештар аз ин карнайча навохта, аз гӯшаҳои дурдасти плантация ғуломонро чег зад.

пешина
аз 509
навбатӣ