Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

напояи баланд ба онҳо баромадан ғайриимкон буд, дарёи чуқуру васеъ ҳомии эътимодноки ӯ буданд. Плантатор на фақат ба муқобили ин сайру гаштҳои яккаву танҳо норозӣгӣ баён мекард, балки, баръакс, аз онҳо розӣ буд. Гумону шубҳае, ки дар дилаш пайдо шуда буд ва, гуфтан мумкин, ба ин асос дошт, оҳиста-оҳиста пароканда шудан гирифтанд.

Билохира ин фақат дурӯғи муқаррарӣ буд. Шояд, ӯ қурбони бадгӯиҳои мардум гардида буд. Аз эҳтимол дур нест, ки маслиҳати вохӯрии духтари вай бо Морис-мустангер пешакӣ пазонда нашуда буд. Охир тасодуфан дар паттазор вохӯрданашон мумкин буд! Ва дар гумон аз рӯи одоб мебуд, агар Луиза бо шахсе, ки ду маротиба ҷони ӯро раҳонида буд, салом надиҳад. Шояд, ӯ ҳамту боз як бори дигар сарфарозии худро баён карда бошад.

Он чи ки вай фармонбардорона аз аспсаворӣ даст кашид, ба назар чунин менамуд, ки ин тахминро тасдиқ мекард. Одатан Луиза бо осонӣ гардан намефуровард — пас, ин сайру гаштҳо барои ӯ махсусан азиз набуданд.

Падари меҳрубон, ки барои фаҳмидани хулқу атвори духтараш дигар василае надошт, ҳамин тавр муҳокима меронд. Агар онҳо дар дигар мамлакат зиндагӣ мекарданд, ё ба дигар доира тааллуқ медоштанд, шояд, Пойиндекстер рӯпрост савол медод ва ҷавоби рӯпрост талаб мекард. Вале дар Миссисипи ин расм нест; дар ин ҷо писари даҳсола ё духтаре, ки понздаҳсола пур накардааст, ошуфта мегардиданд ва инро бозпурсии бошиканҷа меномиданд.

Дар гумон аст, ки Вудли Пойиндекстер ба иззату эҳтироми духтари Луиза умед карда метавонист. Духтари соҳибҷамолаш солҳои охир ба парастиш ва хушомадгӯӣ одат карда буд, ки ин аксар вақт одамро вайрон мекунад.

Сарфи назар аз он ки Пойиндекстер падари ӯ ва, аз рӯи қонун, ҳукмаш бар сар раво буд, нағз мефаҳмид, ки ин ҳукм то қадом андоза хаёлӣ мебошад.

Бинобар ҳамин Пойиндекстер аз фармонбардории Луиза розӣ буд ва шодӣ мекард, ки акнун ба ҷои беист дар дашт асптозонӣ кардан ба сайру гашти боғ конеъ мешавад ва дар он ҷо ба сӯи паррандачаҳои хурдакак, ки ба бахти бади худ ба ӯ наздик мешаванд, аз камон тир холӣ мекунад.

Чаро шумо, падари панҷоҳсола, ин тавр соддалавҳона муҳокима меронед? Магар шумо ҷавонпатонро фаромӯш кардед, фаромӯш кардед, ки чӣ тавр орзу менамудед, чӣ тавр фиреб медодед ва худро бардурӯғ ба ҳолате меандохтед, он чиро ки

пешина
аз 509
навбатӣ