Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шояд, дар ҳаёти шумо эҳсоси аз ҳама наҷибона буд, пинҳон доштанӣ шуда, нақли чӣ гуна «қиссаҳое»-ро ки ёд нагирифтед!

Вале ба назар чунин менамуд, ки падари Луизаи соҳибчамол ҳеҷ чизро ба хотир намеовард, агарчӣ чизи ба хотир меовардагиаш буд. Ӯ ҳар он чиро, ки ҳамон вақт ошуфтааш мекард, фаромӯш карда буд, вагарна маврид пайдо мекард, ки аз паси духтараш ба боғ равад ва ҳузур доштани худро маълум накарда, бибинад, ки ӯ дар миёни паттазороне, ки соҳили дарёро фаро гирифтаанд, чӣ кор мекунад.

Дар он сурат мефаҳмид, ки Луиза, чӣ тавре ки ба назар намуданаш мумкин буд, он қадар бераҳм нест, — ӯ ба паррандагоне, ки зудбоварона дар атрофаш парвоз карда мегаштанд, нишон намегирифт. Зеҳи камонро на барои ин таранг мекашид; ӯ коғазпораеро ба нӯги тир баста, онро ба чакалакзоре, ки дар соҳили муқобили дарё воқеъ гардида буд, мефиристод.

Ва аз ин дида чизи боз ҳам ғалатнеро медид: баъди чанд вақт ҳамон тир, гӯё аз ҷои афтодагиаш норозӣ, бо ҳамон — ё шояд, ба он монанд коғазпорае, ки ба нӯгаш баста шуда буд, ба дасти духтар бармегашт.

Ба мушоҳидакунандаи ғайривоқиф ин парвози тирҳо аҷиб, ҳатто ҳодисаи ғайритабиӣ намуданашон мумкин буд. Вале азбаски мушоҳидакунандагони бегона набуданд, касе тааҷҷуб мекардагӣ ҳам набуд. Аммо барои иштироккунандагони ин бозӣ, ки бо навбат зеҳи камонро мекашиданд ва ҳамон як тирро пешу қафо мефиристоданд, ҳамаш маълум буд.

Ишқ бар монеаҳо механдад.

Морис ва Луиза, ки аз имконияти вохӯрӣ маҳрум карда шуда буданд, ин почтаи ҳавоиро фикр карда бароварда буданд.

БОБИ XXXI
ҶУСТУҶӮИ ГУЗАРГОҲ

Почтаи ҳавоӣ бисёр давом накард. Магар ошиқони дилдода дар масофаи тиррас дур аз ҳамдигар, бо мукотиба қаноат карда метавонанд! Дилҳои ошиқ бояд ҷӯш зананд ва тамоман наздик тапида истанд.

Морис Ҷералд ва Луиза Пойндекстер дигар ба сӯзи фироқ тоб оварда натавонистанд. Оқибат онҳо вохӯрданд — дар равшании фиребандаи офтоб не, балки дар оромии нисфишабӣ вохӯрданд ва танҳо ситорагон шоҳидони безабони асрори онҳо буданд.

пешина
аз 509
навбатӣ